Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иван-Тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван-Тоҷик
Ном ҳангоми таваллуд Абдумалик Ашуров
Таърихи таваллуд 1917
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1943
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Самти фаъолият омӯзишгар, иқтисоддон, partisan
Ҷоизаҳо
Virtuti Militari Partisan Cross (Poland) Ордени «Шараф»

Иван-Тоҷик (Малик Ашӯров; 1917, деҳаи Пастиғав, ноҳияи Масчо — 1943, Юзефов, Лаҳистон) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, лейтенанти калон. Қаҳрамони халқи Лаҳистон (1976).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи курси яксолаи муаллимтайёркунии шаҳри Истаравшан (1934) ва Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд (1939). Мудири шуъбаи савдои Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Масчо буд. Соли 1939 барои хидмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, ибтидои ҶБВ дар муҳорибаҳои назди шаҳрҳои Смоленск ва Курск иштирок кард. Дар яке аз амалиёти ҷангӣ захмӣ шуда, асир афтод. Иван-Тоҷик ҳангоми интиқол аз конслагери Майданек ба лагери марги Освенсим фирор карда, дар шаҳр Юзефов ба гурӯҳи аскарони сурх ва гурӯҳи партизанҳои ватанхоҳи лаҳистонӣ, ки зери роҳбарии полковник Анҷей Флис дар ақибгоҳи душман амалиёти партизанӣ мебурданд, ҳамроҳ ва сипас фармондеҳи ин гурӯҳ шуд. Гурӯҳи ӯ дар атрофи шаҳрҳои Юзефов, Билграй, Замос, Грубешевск, Томашевск, ноҳияҳои Жешув, Люблин, Белостоки Лаҳистон ба муқобили душман амалиёти зиёд анҷом додааст. Аз ҷумла, 17 апрели 1943 дар роҳоҳани Люблин — Краков қатораи махсуси фашистонро тарконда, 27 афсари душманро нобуд кард ва як афсари баландрутбаи душманро бо ёвараш асир гирифт. Иван-Тоҷик бо 18 нафар ҳамяроқаш дар ноҳияи Пуши-Солская дар муҳосираи душман афтода, кушта шудаанд.

Малик Ашӯров аз тирамоҳи 1941 то соли 1975 аскари гумном шумурда мешуд, аммо он сол (1975) хешовандону пайвандонаш ӯро дар аксҳое шинохтанд, ки коргардони «Тоҷикфилм» Е. В. Кузин аз Лаҳистон пайдо ва дар рӯзномаи «Вечерний Душанбе» ва маҷаллаи «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») чоп карда буд. Баъди пешниҳоди далелҳо ва ташхиси семоҳаи ташхисгоҳҳои шаҳрҳои Маскав ва Варшава Малик Ашӯров будани Иван-Тоҷик собит шуд. Соли 1975 студияи «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Иван-Тоҷик» (коргардон Е. В. Кузин) дар бораи Малик Ашӯров филми ҳуҷҷатӣ офарид. Солҳои ҶБВ «Иван» номи рамзии аскари рус (шӯравӣ) буд. Ба хотири ҷанговари шуҷоъ ва тоҷик буданаш Малик Ашӯровро Иван-Тоҷик номидаанд.

Корномаҳои Иван-Тоҷик соли 1980 бо ордени «Виртути Милитари» ва соли 1988 бо ордени «Салиби партизанӣ»-и Лаҳистон (пас аз марг) қадр карда шуд. Ҳоло дар ноҳияи Кӯҳистони Масчо яке аз ҷамоатҳои деҳот номи Иван-Тоҷикро дошта, дар назди ҷамоати деҳоти Оббурдани ноҳияи Масчо нимпайкараи Иван-Тоҷик — Малик Ашӯров гузошта шудааст. Соли 2015 номи кӯчаи Павел Морозови шаҳр Душанбе ба номи Малик Ашӯров иваз карда шуд.

  • Друх А. Иван-Таджик: легенда и быль. // Вечерний Душанбе, 1975, № 234 (1829);
  • Друх А. Иван-Тоҷик: афсона ва ҳақиқат. // Машъал, 1975, № 15 (3603);
  • Сафаров Р. Ҳазору як корнома. Д., 2010.