Иван Граве

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Иван Граве
Таърихи таваллуд: 25 ноябр 1874(1874-11-25)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 3 март 1960(1960-03-03)[1] (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Order of St. Vladimir, 4th class Order of Saint Anna, 2nd class ордени Ленин ордени Байрақи Сурх Order of Saint Stanislaus, 2nd class Order of the Patriotic War 1st class Ордени Ситораи Сурх Jubilee Medal "XX Years of the Workers' and Peasants' Red Army"
Мукофоти сталинӣ
Order of Saint Stanislaus

Иван Платонович Граве (25 ноябр 1874, Қазон, Kazan Uyezd[d], Kazan Governorate[d], Русияи подшоҳӣ[1]3 март 1960[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — олими шӯравӣ дар соҳаи артиллерия, асосгузори мактаби баллистика (илмест дар бораи ҳаракати ҷисмҳо, ки ба фазо партофта шудаанд)-и шӯравӣ, доктори илмҳои техникӣ (1939), профессор (1927), узви ҳақиқии АИ-и артиллерӣ (1947-53), генерал-майори умури муҳандисию техникаи ҳарбӣ (1942).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи артиллерӣ (1895) ва Академияи артиллерии Михайловро (1900) хатм кардааст. Аз соли 1904 омӯзгори Академияи артиллерии Михайлов буд. Соли 1916 мушаки ҷангии борути бедуд — тимсоли тири ракетаро кашф намудааст. Иван Граве яке аз муассисони мактаби шӯравии баллистика буда, бо таҳқиқу асарҳои илмии худ ба рушди технологияи мушаксозӣ мусоидат кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС. Бо орденҳои Станислави Муқаддас (1908) ва Аннаи муқаддас (1911), Ленин, Байрақи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), Ситораи Сурх ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Ба танӯраи тарафи нонамоёни Моҳ номи Иван Граве дода шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Граве Иван Платонович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]