Jump to content

Иван Грозний

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Грозний
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-cu" does not exist.
16 январ 1547 — 1584
Ҷонишин Feodor I of Russia[d]
3 декабр 1533 — 16 январ 1547
Пешгузашта Vasili III of Moscow[d]

Таваллуд 25 август 1530[1][2][3] ё 15 август 1530
Даргузашт 18 (28) март 1584[1][2][3] (53 сол)
Мадфан
Хонадон Rurik dynasty[d]
Ном ҳангоми таваллуд русӣ: Иван Васильевич
Падар Vasili III of Moscow[d][1][4]
Модар Elena Glinskaya[d][1]
Ҳамсар Anastasia Romanovna[d][5], Maria Temryukovna[d][5], Marfa Sobakina[d][5], Anna Koltovskaya[d][6][7][8][…], Maria Dolgorukaya[d], Anna Vasilchikova[d][5], Vasilisa Melentyeva[d][5][9] ва Maria Nagaya[d][5]
Фарзандон Dmitry Ivanovich of Russia[d], Tsarevich Ivan Ivanovich of Russia[d], Feodor I of Russia[d], Dmitry of Uglich[d], Anna Ivanovna of Russia[d], Vasily Ivanovich[d][10], Maria Ivanovna of Russia[d] ва Eudokia Ivanovna of Russia[d]
Эътиқод масеҳияти православӣ
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ивани IV Грозний (25 август 1530[1][2][3] ё 15 август 1530, Kolomenskoye[d], Дукнишини бузурги Маскав[d]18 [28] март 1584[1][2][3], Маскав, Русияи Тсарӣ[d]) — князи кабири Маскав ва Владимир (аз 1553), аввалин шоҳи рус (аз 1547), намояндаи сулолаи Рюриковичҳо, писари князи кабир Василии III ва Елена Глинская.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маросими тоҷгузории Иван Грозний 16.1.1547 дар калисои ҷомеи Успенский ботантана баргузор шуд. Марҳалаи нахустини ҳукмронии Иван Грозний ба фаъолияти «Радаи интихобӣ» (1540-50) алоқаманд буд. Дар ин давра Анҷумани намояндагони табақаҳои бонуфуз (земский собор) даъват шуд, маҷмӯи қонунҳои нав (Судебник) таҳия гардид; дар соҳаҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ҳарбӣ ва ғ. ислоҳот анҷом дода шуд (1550). Дар самти сиёсати хориҷӣ муваффақиятҳои бузург ба даст оварда шуд. Дар натиҷаи тохтутозҳои Иван Грозний хонии Қазон (1552) ва Аштархон (1556) муттаҳид шуда, дар натиҷа назорати роҳи тиҷоратии Волга пурра ба ихтиёри русҳо гузашт, ки ба пешрафти иқтисодии мамлакат мусоидат кард. Дар охири солҳои 40 ва ибтидои солҳои 50 асри 14 якчанд ҳуҷуми тоторҳои Қрим бартараф шуда, нуфузи Русия дар хонии Сибир, Ӯрдаи Нӯғай ва сарзамини бошқирдҳо мустаҳкам гардид. Ҳамзамон дар Маскав (Калисои ҷомеи Покровский ва Кремл), Қазон (Калисои ҷомеи Благовешенск (1556-62) чандин иморати сангӣ бунёд шуданд. Дар натиҷаи юриши муваффақонаи Иван Грозний бар зидди Иттиҳоди Ливон (ташкилоти сиёсӣ-ҳарбии католикӣ дар Ливон) вазъият дар Аврупои Шарқӣ тағйир ёфт: Литва ва хонии Қрим бар зидди Русия иттиҳод бастанд; Ҷанги Ливония (1558-83) шурӯъ шуд. Аз солҳои 60 муносибати Иван Грозний бо атрофиён мураккаб гардид, нисбат ба чандин нафар ҳукми бадарға ва қатл (1562-63) эълон шуд. Ин рафтори шоҳ боиси эътирози Думаи боярҳо ва митрополит Афанасий гардид. Соли 1565 Иван Грозний барои устувор кардани мавқеи шоҳ дар ҳукумати марказӣ низоми «опричнина» (қатли бесуди «хоинон» ва «саркашҳо»)-ро ташкил кард. Ивани IV баъди ишғоли Новгород ва ноком шудан дар ҷабҳаҳои Ғарб соли 1570 бо Реч Посполита муваққатан сулҳ баст. Соли 1571 хони Қрим Давлат Гирейи I (ҳукмронӣ 1515-23) ш. Маскавро оташ зада, баъдан дар муҳорибаи Молодинск (1572) шикаст хӯрд. Ҳамон сол Иван Грозний опричнинаро барҳам дод. Пас аз ба тахти шоҳии Лаҳистон нишастани Стефан Баторий (1576-86) қӯшунҳои рус дар набардҳо ноком шуда, чанд қалъаи истеҳкомиро аз даст доданд. Соли 1581 шведҳо Нарва ва Ивангородро ишғол карданд. Ивани IV мувофиқи сулҳи Ям-Заполск (1582) ва оташбаси Плюсск (1583) аз заминҳои ғасбкардааш дар Ливония ва Ижорск маҳрум шуд. Солҳои охири ҳукумати Иван Грозний Ермак Сибири Ғарбиро ишғол кард ва раванди муттаҳидкунии сарзамини Рус хотима ёфт. Пас аз ин мамлакат ба буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Ивани IV дорои маҳорати баланди адабӣ буда, тақр. 60 асар таълиф намудааст, ки дар онҳо маншаи илоҳӣ доштани ҳокимияти шоҳиро пуштибонӣ кардааст. Иван Грозний дар ҳолати ғазаб писараш Иван Ивановичро ба қатл расонд (1581) ва писари ноқисулақлу бемораш Фёдор Ивановичро валиаҳд эълон кард. Шахсият ва фаъолияти Иван Грозний беш аз 250 сол аст, ки мавриди мубоҳисаҳои илмӣ қарор дорад.

  • Послания Ивана Грозного. М.; Л., 1951;
  • Переписка Ивана Грозного с Андреем Курбским. Л., 1979.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Середонин С. Иоанн IV Васильевич Грозный (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1897. — Т. 8. — С. 229—271.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Военная энциклопедия (рус.)СПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1913. — Т. 11.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Чувашская энциклопедия (рус.)Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2
  4. Василий, имена великих московских князей (рус.) // Варлен — Венглейн (БСЭ1) — 1928. — Т. 9. — С. 50.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 Lundy D. R. Ivan IV 'the Terrible', Tsar of Russia (ингл.)
  6. Колтовская, Анна Ивановна (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1895. — Т. XVa. — С. 762.
  7. С. Тр. Анна Алексеевна (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1900. — Т. 2. — С. 155.
  8. Яз. Анна Алексеевна (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 2. — С. 319.
  9. Василиса Мелентьева (рус.) // Варлен — Венглейн (БСЭ1) — 1928. — Т. 9. — С. 51.
  10. А. Э. Василий Иоаннович (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. К. К. Арсеньев, Ф. Ф. ПетрушевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. Va. — С. 593.