Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иван Зорин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Зорин
Таваллуд 5 (18) декабр 1910
Даргузашт 1981
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ»

Зорин Иван Андреевич (5 [18] декабр 1910, Pokhvistnevsky District[d]1981) — хо­ди­ми дав­латӣ. Иштирокчии ҶБВ. Қаҳрамони Меҳнати Сот­сиа­листӣ (1948).

Солҳои 1934-35 мудири шуъбаи ба­ҳи­соб­гирии кумитаи ҳизбии н. Нов (ҳоло Спитамен), 1935-37 директори МТС-и н. Нов, 1938-41 мудири шуъбаи хоҷа­гии қишлоқи кумитаи ҳизбии вил. Ленинобод (ҳоло Суғд), 1941-46 хидмат дар Артиши Шӯ­равӣ, 1946-51 котиби яку­ми кумитаи ҳизбии н. Конибодом, 1952-60 мудири шуъ­баи сиёсӣ ва котиби таш­килоти ҳизбии сохтмони НБО-и Қайроққум ва аз соли 1960 то охири умр директори НБО-и «Дӯстии халқҳо»-и Қайроққум.

Узвият ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. (даъватҳои 2, 3, 5, 6 ва 7). Бо се ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Ситораи Сурх», 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 6 медал ва 2 Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. сарфароз гардидааст.