Иво Андрич
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-sr-cyrl" does not exist. | |
Таърихи таваллуд: | 10 октябр 1892 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 13 март 1975[1][2][3][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, румоннавис, диплумот, шоир, мақоланавис |
Солҳои эҷод: | аз 1911 |
Жанр: | шеър, румон ва қисса[d] |
Забони осор: | сербу-хорватӣ[4] ва Забони сербӣ[5] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
И́во А́ндрич (сербӣ: Иво Андрић/Ivo Andrić; 9 октябри 1892, Долас (ҳозира дар Травник), Босния, Австро-Венгрия — 13 марти 1975, Белград, Югославия) — нависандаи сербӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи ҳунарманд. Гимназияро дар шаҳри Сараево хатм намуд. Барои иштирок дар ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Австро-Венгрия ба ҳабс гирифта шуд (1914). Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар донишгоҳҳои Загреб ва Вена илми филологияро омӯхт ва ба корҳои дипломатӣ машғул буд.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба кори эҷодӣ аз соли 1911 шурӯъ кард. Аввалин китобаш бо номи «Ex ponto» соли 1918 нашр шуд. Андрич давомдиҳандаи анъанаҳои вуқӯъгӯии адабиёти Сербия мебошад; дар новелаҳои солҳои 20 — 30 садаи XX эҷоднамудааш олами ботинии инсони дар натиҷаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ба зулму тааддӣ дучоромадаро тасвир намудааст. Андрич дар аксар асарҳояш ба таърихи гузаштаи Босния таваҷҷуҳ кардааст. Беҳтарин романҳои таърихии Андрич «Пули Дрина», «Воқеаномаи Травниска», «Хонум» (ҳар се соли 1945) мебошанд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он ҳам Андрич ба масъалаҳои иҷтимоӣ дахл кардааст. Ба ин масъалаҳо ӯ на танҳо дар асарҳои таърихӣ (повестҳои «Ҳикоят дар бораи фили вазир», 1959; «Ҳавлии манҳус», 1954), инчунин дар осори ба мавзӯи муосири давр бахшидашуда (повестҳо дар бораи ҳаракати партизанӣ — «Зеко», «Дарҳои пӯшида», ҳарду 1950) рӯй овардааст. Дар осори Андрич, муҳокимарониҳои фалсафӣ ва тасвироти авзои рӯҳии қаҳрамонон хеле зиёданд. Ба қалами Андрич инчунин асарҳои танқидӣ-бадеӣ (дар бораи П. Негоше, В. Караджич, рассом Ф. Гойя ва дигарон) тааллуқ доранд. Андрич — дорандаи Мукофоти Нобел (1961).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 98. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ The Nobel Prize in Literature 1961 (ингл.)
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андрич Иво // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.