Игнотс Гулдзиҳер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Игнотс Гулдзиҳер
маҷорӣ: Goldziher Ignác
Таърихи таваллуд 22 июн 1850(1850-06-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 ноябр 1921(1921-11-13)[4][5][2][…] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шарқшиносӣ[6], арабшиносӣ, арабишиносӣ[d], исломшиносӣ[d] ва исломшиносӣ[d][6]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Ármin Vámbéry[d]
Имзо Имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гулдзиҳер Игнотс (Исҳоқ Яҳудо Гулдзиҳер, маҷорӣ: Goldziher Ignác; 22 июни 1850, Секешфеҳервор — 13 ноябри 1921, Будапешт) — ховаршинос ва исломшиноси яҳудиасли маҷористонӣ, узви вобастаи АИ Маҷористон (1876), узви вобастаи АИ Петербург (1897), дотсент (1872), профессор (1894) Донишгоҳи Будапешт.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Будапешт, Берлин ва Лейпсиг таҳсил намуда, забонҳои сомиро омӯхт. Солҳои 1873-74 ба Миср, Сурия ва Фаластин сафар кард; дар Қоҳира дар дарсҳои фиқҳ ва ақидаи исломӣ дар Донишгоҳи ал-Азҳар ҳузур дошт. Соли 1890 мударриси диншиносӣ ва ҳикмат дар мадрасаи динии яҳудиён дар Будапешт буд.

Игнотс Гулдзиҳер яке аз поягузорони илмҳои шарқшиносӣ ва исломшиносии интиқодии муосир дар Аврупо дар канори К. Снук-Ҳюргронйеи ҳолландӣ (1857—1936) ва Т. Нёлдекеи олмонӣ (1836—1930) ва яке аз муҳаққиқони маъруфи замони худ дар риштаи таърихи ислом, ақоид, фирқаҳо ва улуми исломӣ, филологияи араб, асотири бостонии яҳудӣ, фолклори арабҳову яҳудиёни қадим ба шумор меравад. Назари суннатиро роҷеъ ба ҳадис мавриди боздиди назар қарор дода, чунин андешаро матраҳ намуд, ки бештари ҳадисҳо на дар замони зиндагии Пайғамбар (с), балки дар тӯли ду садаи аввали мавҷудияти ислом (асрҳои 7-9) мураттаб гардидаанд. Яке аз нахустин муҳаққиқонест, ки раванди ташаккули исломро пайгирӣ карда, таъсири дигар динҳоро ба садри ислом дарёфтааст. Дар асари «Асотири яҳудиёни қадим» (1867) аз тасаввурот дар бораи он, ки номи Яҳворо яҳудиёни қадим аз канъониён гирифтаанд, ҷонибдорӣ кардааст. Теъдоди мақолаву китобҳои Игнотс Гулдзиҳер ба беш аз 500 номгӯй мерасад. Китоби Игнотс Гулдзиҳер «Суханрониҳое дар бораи ислом» (1910) ба бисёр забонҳо, аз ҷумла, русӣ («Лекции об исламе». СПб., 1912), арабӣ (таҳти унвони «ал-Ақида ва-ш-шариъа фӣ-л-ислом». Қоҳира, 1976), форсӣ (бо номи «Дарсҳое дар бораи ислом». Теҳрон, 1979) тарҷума шуд. Аз осори ӯст: «Зоҳирия, ойин ва таърихи эшон» (1884), «Таҳқиқоти исломӣ» (дар 2 ҷилд; 1890 — 99), «Гароишҳои тафсирии Қуръон дар миёни мусулмонон» (соли 1920 ба олмонӣ чоп шуд, соли 1954 ба арабӣ бо номи «Мазоҳибу-т-тафсири-л-исломӣ» тарҷума гардид), «Культ святых в исламе» (Мухаммеданские рассказы). М., 1938. Игнотс Гулдзиҳер яке аз поягузорони «Энсиклопедияи ислом» ба забони олмонӣ (чопи Лейден) ва узви Ҳайати таҳрири «Энсиклопедияи яҳудӣ», сардабири ҷомеаи яҳудиёни таҷаддудхоҳи Будапешт (солҳои 1874—1904) буд.

Назари муҳаққиқони исломӣ дар бораи Игнотс Гулдзиҳер мухталиф аст. Осори Игнотс Гулдзиҳер мавҷе аз норизоятии бархе аз муҳаққиқонро барангехта, мавриди интиқоди шадид қарор гирифт, аммо бархи дигар аз муҳаққиқон ба ситоиши ӯ ва осораш пардохтаанд. Чунончи, донишманди мисрӣ Муҳаммади Ғаззолӣ (1917-96) дар радди асари Игнотс Гулдзиҳер «Суханрониҳое дар бораи ислом» китобе ба унвони «Дифоъ аз ақида ва шариат» навишта, онро аз бадтарин осори дар бораи ислом таълифшуда ва аз шадидтарин таънаҳои бар пайкари ин дин воридгашта хондааст. Аммо мутафаккири дигари мисрӣ Абдурраҳмони Бадавӣ (1917—2002) дар китоби худ «Фарҳанги комили ховаршиносон», бар хилофи Ғаззолӣ, Игнотс Гулдзиҳер-ро сутуда, ӯро хидматгузори ислом муаррифӣ кардааст. Файласуфи эронӣ Сайид Ҳусайни Наср (таваллуд 1933) навиштаҳои Игнотс Гулдзиҳер-ро пиромуни шиа «дар ниҳояти беадолатӣ, беасос ва мубтазил (пешипоуфтода)» арзёбӣ кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  4. 4.0 4.1 4.2 Гольдциер Игнац // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. http://www.dwc.knaw.nl/biografie/pmknaw/?pagetype=authorDetail&aId=PE00000452 (ингл.)
  6. 6.0 6.1 Чешская национальная авторитетная база данных

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бартольд В. В. Игнац Гольдциэр // Известия Российской Академии Наук. 1922, серия 6, Т. 16;
  • Крачковский И. Ю. Избранные сочинения. Т. 5. М.-Л., 1958;
  • Батунский М. А. К вопросу об идейно-методологических основах творчества И. Гольдциера // Вестник истории мировой культуры. 1960, № 6;
  • Ignace Goidziher memorial volume. Ed. by S. Löwinger. 1. Somogyi, Bdpst, 1948 (библиография);
  • «Acta orientalia. Academiae Scientiarum Hungaricae», 1950, t. 1, fasc. 1;
  • Heller B., Bibliographie des oeuvres d’Ignace GoIdziher, P., 1927;
  • Bousquet G. Н., Еtudes islamologiques d’Ignaz Goidziher, Leiden, 1962;
  • حسین نصر.گزارشی از اولین مجمع علمی در بارۀ تشیع در مغرب زمین \ مجلۀ فلسفه، کلام و عرفان. تیر، شمارۀ ٢٥٠٦؛
  • بدوی عبدالرحمن، فرهنگ كامل خاورشناسان. ترجمۀ شكرالله خاكرند. قم، ١٣٧٥ ش.؛
  • دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١٤. تهران، ١٣٨٩ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Голдсиер Исҳоқ Яҳудо / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.