Игорь Владимирович Карамзин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Игорь Владимирович Карамзин
Игорь Владимирович Карамзин
Санаи таваллуд:

4 декабр 1929(1929-12-04)

Зодгоҳ:

Сталинград, СССР

Санаи марг:

16 октябр 1998(1998-10-16) (68 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои педагогика

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Игорь Владимирович Карамзин (тав. 4.12.1929, шаҳри Сталинград – ваф. 16.10.1998, ш. Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1965), дотсент (1967).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1948–1953 дар факултети агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1954–1956 муаллими Омӯшгоҳи механиконии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Пахтаобод, 1956–1966 ходими илмӣ, соли 1967 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1967–1977 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1977–1979 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе, 1979–1989 дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 1989 то рӯзҳои охирини ҳаёташ дар кафедраи роҳнамои касбии донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки дар онҳо тайёрии касбии хонандагон дар соҳаи пахтакорӣ ва масъалаҳои педагогию психологии донишҷӯёнро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990) мукофотонида шудааст.

Осор[вироиш]

  • Пахтакорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1963;
  • Асосҳои агрономия ва механизацияи растанипарварӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1963;
  • Тайёрии касбии талабагон доир ба соҳаи пахтакорӣ, Д., 1964;
  • Вопросы профессиональной подготовки студентов (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
  • Индустриально-педагогическая психология. Ч. 1, 2. (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997.

Пайвандҳои беруна[вироиш]