Jump to content

Игуанаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Игуанаҳо
Обыкновенный конолоф (Conolophus subcristatus)
Обыкновенный конолоф (Conolophus subcristatus)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Iguanidae Gray, 1827

Игуанаҳо (лот. Iguanidae) — оилаи калтакалосҳо.

Игуанаҳо ба агамаҳо ва бӯқаламунҳо шабоҳат доранд. игуанаҳои мунқариз аз давраи олиготсен ёфт шудаанд. Игуанаҳои ҳозира бо шеваи зист ва сохтори худ яз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дарозиашон якҷо бо дум аз 3 см (анолисҳо) то 2 м (игуанаҳои муқаррарӣ, Iguana iguana). Баданашон бо пулакчаҳои калони фонашакл ё доначаҳои хурди сахт пӯшида шудааст; устухонпӯст надоранд. Дандонҳояшон ба қисми дарунии ҷоғ пайваст мебошанд. Пойҳояшон хуб инкишоф ёфтаанд. Баъзе игуанаҳо дар мавриди таҳдиди хатар мумкин аст думи худро партоянд. игуанаҳо дар ҳолати гушн зери таъсири рӯшноӣ ва ҳарорат тағйири ранг мекунанд. игуанаҳо беш аз 50 ҷинс ва 920 намуд доранд. Бештар дар Нимкураи ғарбӣ дучор меоянд; баъзе намудҳои игуанаҳо дар ҷаз-ҳои Мадагаскар, Фиҷӣ ва Тонг паҳн шудаанд. Дар бешазорҳои сербориши тропикӣ, саваннаҳо, биёбону кӯҳҳо зиндагӣ мекунанд. Маҳалли зисти игуанаҳо хок, баъзан болои дарахтон аст. Игуанаҳое низ мавҷуданд, ки дар рег гӯр шуда, ҳаракат мекунанд (игуанаҳои регзор). Василиски муқаррарӣ (Basiliscus basiliscus) рӯ-рӯи об медавад. Ғизои игуанаҳо ҳашарот ва мавҷудоти бемуҳраи дигар мебошанд; игуанаҳои рустанихӯр (мас., игуанаҳои баҳрӣ, ки ғизояш обсабз аст) низ мавҷуданд. Игуанаҳо бештар тухмзо, баъзеашон (леомулаи хурд) тухмзиндазо мебошанд. Бисёр игуанаҳоҳои бузургҷуссаро барои гӯшт ва тухм шикор мекунанд, ки боиси кам шудани теъдоди онҳо гардидааст. Беш аз 50 намуди игуанаҳо ба «Китоби сурх»-и Иттифоқи байналмилалии муҳофизати табиат дохил карда шудааст.