Jump to content

Игуанодон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Игуанодон
Скелет игуанодона в Бельгийском королевском естественнонаучном музее
Скелет игуанодона в Бельгийском королевском естественнонаучном музее
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Iguanodon Mantell, 1825
Мутародифот
  • Delapparentia turolensis Ruiz-Omeñaca, 2011
Гунаҳо
  • I. bernissartensis (Boulenger, 1881)
  • I. galvensis (Verdú et al., 2015)[1]

Игуанодонҳо (лот. Igyanodon) — ҷинси динозаврҳои парандакос аз зерқатори орнитоподҳо.

Дар табиат 6 намуди игуанодонҳо маълум буд. Дар давраи аввали табошири Аврупо ва эҳтимол дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ кардаанд. Игуанодонҳо ҷонварони бузургҷусса буда, дарозии баданашон то 10 м мерасид. Сари хурд, ҷоғи барҷаста, дандонҳои суфтаи калон доштанд. Пойҳои пешашон нисбат ба пойҳои қафо хеле кӯтоҳ буданд. Панҷ (пойҳояшон се) ангушт доштанд. Устухонҳои банди дасти игуанодонҳо калон ва ба якдигар зич пайваст буданд; устухончаи нӯги ангушти якум ба сих монанд буд. Нӯги се ангушти миёна шакли сумро дошт. Игуанодонҳо ҷонварони алафхӯр буда, дар мавзеъҳои наздик ба соҳил ва намнок зиндагӣ мекарданд.

  1. Francisco J. Verdú; Rafael Royo-Torres; Alberto Cobos; Luis Alcalá Perinates of a new species of Iguanodon (Ornithischia: Ornithopoda) from the lower Barremian of Galve (Teruel, Spain)(англ.) // Cretaceous Research : journal. — 2015. — Vol. 56. — P. 250—264. — doi:10.1016/j.cretres.2015.05.010.