Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Идда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идда (ар. عدة — баршумурдан; шумор, адад; миқдор) — дар фиқҳ муддате мунтазир мондан ва шавҳар накардани зан барои муайян шудани покии раҳмаш пас аз талоқ ё фавти шавҳар.

Муддатзамони идда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Идда барои занони талоқшуда се ҳайз ё се моҳ, барои занони бевамонда чаҳор моҳу даҳ рӯз ва барои занони ҳомила вазъи ҳамл аст. Поидани идда пас аз ҷудошавӣ ва анҷоми ҳамхобагӣ ё даргузашти шавҳар бар зан воҷиб мегардад.

Навъҳои идда

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • иддаи занони ҳайзбин
  • иддаи занони ноҳайзбин
  • иддаи занони бордор
  • иддаи вафот.

Вақте байни зану шавҳар ақди никоҳ баста шуда, вале ҳамбистарӣ ё хилвати саҳеҳа анҷом нагирифта бошад, ин зан пас аз талоқ идда намепояд. Агар шавҳараш бимирад, хоҳ ҳамбистарӣ бо вай сурат гирифта бошад, хоҳ не, идда мепояд ва дар ин ҳолат иддаи вафот бар вай воҷиб мешавад. Ҳамин ки мард ҳамсарашро талоқ кард ё на бо талоқ, балки аз тарафи додгоҳи шаръ миёни онҳо ҷудоӣ воқеъ шуд, иддаи зан оғоз меёбад. Вақте зан ҳайзбинанда бошад ва бо вай ҳамбистарӣ ё хилвати саҳеҳа сурат гирифта, бо талоқ аз шавҳараш ҷудо шуда бошад, муддати иддааш се ҳайз аст. Агар аз рӯи хурдсолӣ ё бузургсолӣ ва ё бар асари беморие ҳайз набинад, муддати иддааш дар ин ҳолат се моҳ аст. Агар зани талоқшуда бордор бошад, иддаи вай таваллуд кардан аст ва ҳамин ки таваллуд кард, иддааш ба поён мерасад (Қуръон 33:49; 2:234; 228; 65:4). Иддаи зане, ки шавҳараш (гарчи хурдсол ҳам) даргузашта бошад, чаҳор моҳу даҳ рӯз аст, вале агар ин зан низ ҳомила бошад ва нишонаҳои ҳамл пеш аз вафоти шавҳараш намудор бошанд, иддааш бо вазъи ҳамлаш ба поён мерасад, вале насаби фарзанд аз шавҳари хурдсол собит намешавад. Зани талоқшудае, ки ҳайз намедид, пас аз гузашти ду моҳ аз вақти талоқ, агар ба нохост ҳайз бинад, он ду моҳи сипаришуда эътиборе надоранд, бояд муддати се ҳайзи дигар идда бипояд. Агар зани ҳайзбинандае пас аз ду ҳайз, ба сабаби пирӣ аз ҳайз бозмонад, он ду ҳайзи вай эътибор надоранд, бояд ба муддати се моҳи дигар идда бипояд. Шахсе ҳамсари худро дар ҳолати ҳайз талоқ кунад, он ҳайз аз идда ҳисоб намешавад, барои он се ҳайзи дигар бояд интизорӣ кашад. Вақте байни зану шавҳар дар гузаштани идда ихтилоф сар занад (зан бигӯяд, ки иддаам гузаштааст ва мард ӯро рад намояд), сухани зан бо савганд ёд кардани ӯ тасдиқ мешавад ва эътибор дорад. Иддаи зане, ки аз никоҳи фосид ҷудо шуда ё зане, ки аз рӯи иштибоҳ бо ӯ ҳамхобагӣ сурат гирифтааст, чӣ мард зинда бошад ва чӣ бимирад, дар ҳар ду сурат се ҳайз аст. Зане дар идда ба сар мебурд, ки аз рӯи иштибоҳ марде бо ӯ ҳамбистар шуд, бояд иддаи дигар бипояд ва ҳар ду идда дар ҳам тадохул (идғом) мешаванд.

Ҳикматҳои машрӯъияти идда: фароҳам овардани фурсати дигаре барои зану шавҳар, то дар муддати идда онҳо бо ҳам созиш кунанд; мушаххас гардидани вазъи бордории зан барои пешгирӣ аз омехтани наслҳо; нишони вафодорӣ ба шавҳари худ ва изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи ӯ, дар ҳолати фавти шавҳар. Дар идда ҳолатҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва физиологии марду зан ва дар ниҳоят сарнавишти ояндаи ҷомеа, амнияти равонӣ, виросатӣ (генетикӣ) ва иҷтимоии марду зан ва фарзанди онҳо (дар сурати бордор будан) ва дар миқёси васеъ амнияти генофонди миллӣ дар назар гирифта шудааст. Маҳз се ҳайз, на камтар ва на бештар аз он, таъйин гардидани муддати идда низ ба нуктаи илмие ишора дорад. Имрӯз илман собит шудааст, ки дар ибтидои давраи бордорӣ то моҳи сеюм имкон дорад, ки раҳми зан як ё ду бор ба сурати ҳайз хунеро аз худ берун намояд ва он ҳанӯз наметавонад нообистании ӯро собит созад. Зеро вақте нутфаи баҳамомехта ва бордоршудаи марду зан дар раҳм қарор мегирад, дар он раванд ва ё амалияи тақсимшавӣ ва афзоиши ҳуҷайраҳо (Mitosis division) оғоз мегардад. Вақте онҳо ба андозаи муайян афзоиш меёбанд, ба ду гурӯҳ ва тӯда — ҳуҷайраҳои хориҷии эмбрион (ҷанин) ва ҳуҷайраҳои дохилии он тақсим мешаванд. Вазифаи ҳуҷайраҳои хориҷӣ сохтани пардаи машима ва тағзияи тамоми эмбрион бо хун аст. Ин ҳуҷайраҳо барои дарёфти хун ба пардаи дохили раҳм мечаспанд ва дар он рахнаҳо ва ё ҳуфраҳое эҷод менамоянд, ки боиси берун омадани хун аз он мегардад ва раҳм ногузир ин хунро ба берун меронад. Таркиби ин хун аз хуни ҳайз фарқ дорад, зеро дар хуни ҳайз, илова бар маводди аслии хун, резапораҳои пардаи дохили раҳм зиёд мавҷуданд, вале дар таркиби ин хун онҳо ниҳоят каманд. Ин рӯйдод рӯзҳои шашум ва ё ҳафтуми қарор гирифтани нутфаи баҳамомехта дар раҳм («нутфаи амшоҷ», «зигота») ба амал меояд. Аз сӯи дигар, тухмдон барои таъмини ғизо ва нигаҳ доштани ҷанин дар зарфи се моҳ ба раҳм моддаи «прожестрон» ирсол менамояд. Дар аснои интиқоли ин моддаи органикӣ ба машима имкон дорад пастшавие дар нисбати ирсол ва ё интиқоли он ба амал ояд, дар натиҷа бори дигар дар ин муддат дар раҳми зан хунравӣ сурат мегирад. Ин ҳолат ҳаргиз маънои онро надорад, ки зан обистан нашудааст. Агар бори севум ҳайз бинад, маълум мешавад, ки бордор набудааст ва покии раҳмаш аниқ мешавад, вале агар ҳайз набинад, бордории ӯ аниқ мегардад.