Идеологияи олмонӣ
Идеологияи олмонӣ | |
| Таърихи таъсис | 1840 |
|---|---|
| Сарлавҳа | олмонӣ: Die deutsche Ideologie |
| Жанр | philosophical literature[d] ва ҷустор |
| Нависанда | Карл Маркс ва Фридрих Энгелс |
| Таърихи нашр | 1932 |
| Забони асар ё навишта | олмонӣ |
| Дастрас дар URL |
marxists.org/arch…(англ.) marxists.org/espa…(исп.) |
«Идеологияи олмонӣ», «Идеологияи немис» (олмонӣ: Die deutsche Ideologie) — танқиди фалсафаи навтарини немис дар мисоли намояндагони он Фейербах, Б. Бауэр ва Штирнер; сотсиализми Олмон дар шахсияти «паёмбарон»-и гуногуни он; асари К. Маркс ва Ф. Энгелс, ки дар он фаҳмиши материалистии таърих баён шудааст.
Қайдҳои аввалин, ки бунёди «Идеологияи олмонӣ»-ро гузоштанд «Тезисҳо дар бораи Фейербах» буданд. Дастхатҳои то замони мо расидаи «Идеологияи олмонӣ» солҳои 1845-46 навишта шудаанд. «Идеологияи олмонӣ» аз ду ҷилд иборат буда, ҷилди аввал ба танқиди идеализми ҷавонҳегелҳо, ҷилди дуввум ба танқиди «Сотсиализми ҳақиқии майдабуржуазии немис» бахшида шудааст. Ғояи асосии китоб дар боби аввали ҷилди аввал («Фейербах. Зиддияти ақидаи материалистӣ ва идеалистӣ») матраҳ гардида, бобҳои боқимондаи он дар бораи мазмуни асосии асар баҳс мекунанд. Фаҳмиши материалистии таърих тибқи нақшаи зерин бунёд ёфтааст: 1. Заминаҳои пешакӣ. 2. Таълимоти асосӣ: истеҳсолот — муомилот — болосохти сиёсӣ — шаклҳои шуури ҷамъиятӣ. 3. Хулосаҳо. Дар «Идеологияи олмонӣ» К. Маркс ва Ф. Энгелс аввалин бор заминаҳои фаҳмиши материалистии таърихӣ — одамон, фаъолият ва шароити моддии онҳоро баррасӣ кардаанд. Фаъолияти одамон ду ҷанба дорад: истеҳсолот (муносибати одамон ба табиат) ва муомилот (муносибати одамон бо якдигар). Истеҳсолот ва муомилот якдигарро такомул мебахшанд, аммо ҷанбаи ҳалкунандаи он истеҳсолот мебошад. Дар «Идеологияи олмонӣ» мазмуни асосии материализми таърихӣ оид ба нақши муайянкунандаи истеҳсолоти моддӣ дар ҳаёти ҷамъият матраҳ гардидааст.
Дар «Идеологияи олмонӣ» К. Маркс ва Ф. Энгелс нахустин бор дар таърихи инсоният диалектикаи таъсири мутақобилаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолиро ошкор карданд. Ин кашфиёти муҳим ҳамчун диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва шаклҳои муносибати ҷамъиятӣ баён гардид. Ин маънӣ калиди фаҳмиши умумии сохтори ҷамъият, форматсияи иҷтимоӣ (қувваҳои истеҳсолкунанда — муносибатҳои истеҳсолӣ ва дигар навъҳои муносибат — болосохти сиёсиву ҳуқуқӣ — шаклҳои шуури ҷамъиятӣ) ва қонунмандии умумии рушди таърихии он (оғози таълимот дар бораи форматсияҳои иҷтимоӣ, ки дар ин ҷо аз рӯи шаклҳои таърихии моликият: қабилавию авлодӣ — бостонӣ — феодалӣ — буржуазӣ — коммунистӣ шинохта мешаванд) дар ташаккул ва рушди шаклҳои буржуазии моликияти шахсӣ, давраҳои косибӣ, мануфактураҳо ва саноати бузург фаҳмида мешавад. Кашфиёти мазкур имкон дод, ки фаҳмиши материалистии таърих ҳамчун назарияи комил ва асоси фалсафии назарияи коммунизми илмӣ инкишоф дода шавад. Тибқи таълимоти К. Маркс ва Ф. Энгелс рушди саноати бузург имконият медиҳад, ки моликияти шахсӣ аз байн бардошта шавад. Онҳо ба дасти пролетариат (синфи коргару деҳқон) гузаштани ҳокимияти сиёсиро зарур дониста, ғояи диктатураи пролетариатро муҳим арзёбӣ кардаанд. Ба фаҳмиши диалектикӣ-материалистии таърих такя карда, К. Маркс ва Ф. Энгелс назарияи ҷамъияти коммунистии ояндаро пешниҳод намуданд.
Дар «Идеологияи олмонӣ» ду заминаи дигаргунсозии коммунистии ҷамъият — инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташаккули синфи инқилобгаро — пролетариат ошкор шудааст. Нашри дастхатти «Идеологияи олмонӣ» ба К. Маркс ва Ф. Энгелс муяссар нашуд. Танҳо бобҳои алоҳидаи он дар давраҳои гуногун нашр шуданд. Бори аввал дастхатти «Идеологияи олмонӣ» соли 1932 дар ИҶШС аз тарафи Институти Маркс-Энгелс-Ленин ба забони асл нашр шуд. «Идеологияи олмонӣ» ба забони русӣ соли 1933 (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., Т. 4.) ва ба сифати ҷилди севвуми нашри дуввуми асарҳои К. Маркс ва Ф. Энгелс (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч. Т. 3. 2-е изд.) соли 1955 нашр шудааст. Матни дастхатти «Идеологияи олмонӣ» ба забонҳои англисӣ, испанӣ, италиявӣ, форсӣ, чехӣ, руминӣ, фаронсавӣ, финӣ, гурҷӣ, украинӣ, словакӣ, сербӣ, хорватӣ ва латишӣ беш аз 150 бор ба чоп расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идеологияи олмонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.