Идеологияи сиёсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Идеологияи сиёсӣ – ақидаи муайяне, ки даъво ва ё талаби ин ё он гурўҳро ба ҳукумат (ва ё истифодаи он) ҳақ мешуморад ва ба ин мақсад кўшиш мекунад, ки афкори оммавиро тобеи ғояҳои худ гардонад. Идеологияи сиёсӣ ҳамчун рангорангии маърифати иттиҳодиявии инъикоскунандаи нуқтаи назари гурўҳҳои хос ба ҷараёни рушди сиёсиву иҷтимоӣ як навъ муносибати ғосибӣ дорад. Идеологияи сиёсӣ аз рӯйи афзалият аслиҳаи рўҳии баргузидаҳо маҳсуб меёбад. Сатҳи ҷолибсозии ғоявии манфиатҳои ин ё он гурӯҳ маҳз ба усули рафтори баргузидаҳо вобаста аст.

Вазифаҳои асосии идеологияи сиёсӣ инҳоянд:

  • ба даст даровардани маърифати иҷтимоӣ;
  • дар он ворид намудани меъёрҳои арзишҳои гузашта, имрӯза ва оянда; * вобаста ба мақсад ва пешрафтҳои сиёсӣ дар чашми мардум ба вуҷуд овардани образи мусбат.

Аз ин рӯ, Идеологияи сиёсӣ на танҳо мақсад ва ғояҳои худро пахш ва тарғиб мекунад, балки барои мақсаднок самт бахшидани амали шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои ба миён гузошташуда мекӯшад. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 94 - 95. ISBN-978-999-47-43-37-7