Jump to content

Идеофрения

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Идеофрения
eMedicine / 

Идеофрени́я (аз юн.-қад. ἰδέα — «идея» + φρήν — «ақл, тафаккур, фикр») — як навъ бемории рӯҳӣ.

Бори нахуст онро В. Х. Кандинский тавсиф карда буд. Идеофрения даврӣ, муқаррарӣ, шадид, музмин, заифҷараён, таваҳҳумӣ ва амсоли инҳо мешуд. Ба ақидаи В. Х. Кандинский ҳангоми идеофрения ҳам доираи тафаккур ва ҳам доираи эҳсосот халал ёфта, камақлӣ падид меояд. Ӯ беморонро бо вояи зиёди афюн муолиҷа мекард. Идеофрения мутобиқ ба бемории кунунии шизофрения аст.