Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Идиакантҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Идиакантҳо
Idiacanthus atlanticus
Idiacanthus atlanticus
Табақабандии илмӣ
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Idiacanthus}}. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
Сарда:
Идиакантҳо
Номи илмӣ
Idiacanthus Peters, 1877
Мутародифот
  • Bathyophis Günther, 1878
  • Stylophthalmus Brauer, 1902

Идиака́нтҳо (лот. Idiacanthus, аз юн.-қад. ἰδι- + ἀκανθίς — «ҷудогона хордор») — ҷинси моҳиҳо аз оилаи Stomiidae.

Баъзан идиакантҳоро ба оилаи Indiacanthidae мансуб медонанд. Дар обҳои минтақаҳои тропикӣ ва муътадили уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳинд зиндагӣ мекунанд. Танашон мормонанд, бепулакча. Дарозии идиакантҳои модина 40 ва идиакантҳои нарина 7 см. Боли тахтапушти идиакантҳо аз 54-74 адад сих иборат буда, аз нисф зиёди дарозии танашро ишғол мекунад. Идиакантҳои болиғ болҳои шиноварии сарсинагӣ надоранд. Идиакантҳои модина даранда мебошанд, идиакантҳои нарина фаъол набуда, баъди болиғ шудан ғизо намехӯранд (дандон ва рӯдаи онҳо тахфиф мешавад). Ҳастии онҳо фақат барои афзоиш буда, дар об тавассути такягоҳ шино мекунанд.