Идибарон
Идибарон, идона, идӣ — яке аз анъанаҳои марбут ба ҷашни арӯсӣ, ки дар фосилаи байни фотиҳа ва ҷашни арӯсӣ дар арафаи идҳои Рамазон, Қурбон, ҷашни Наврӯз сурат мегирифт.
Маъмулан, хонаводаи домодшаванда (модар, амма, хола ё хоҳарбузурги домод) пеш аз идҳои зикршуда ба хонаи арӯс «идона» (туҳфа) мебурд. Идӣ аз анвои атру упо, сурмаву ӯсма, оина, собун, ҳино, ҷавоҳир, матоъ, либоси арӯсӣ, нону кулча ва қанду ширинивориҳо иборат буд. Солҳои охир барои арӯс бештар атриёт, зару зевар ва либосҳои замонавӣ мебурданд. Дар Мастчоҳ ду навъи идӣ — «идии хом» (иборат аз маҳсулоти оши палов: биринҷ, равған, гӯшт, сабзӣ ва ғ.) ва «идии пухта» (палов, ки шом ба хонаи арӯс мебурданд) маъмул буд. Анъанаи идибарон ба ҷуз аз идҳои суннатӣ ба муносибати ҷашнҳои Рӯзи Модар ва Рӯзи Истиқлолият низ сурат мегирифт. Баъзан хонаводаи арӯс низ ҷавобан ба «идона»-и хонадони домодшаванда (маъмулан, пеш аз зодрӯзи домодшаванда ва Рӯзи Артиши миллӣ) ҳадя мефиристоданд, ки онро ҳам идӣ мегуфтанд.
Мутобиқи тағйироту иловаҳое, ки соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 10) ворид карда шуданд, ҳоло идибарон манъ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идибарон / Д. Раҳимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. Д., 1978;
- Шарифова М. Маросимҳои тӯи арӯсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ. Д., 2005.