Идиоадаптатсия
Намуди зоҳирӣ
Идиоадаптатсия (аз лот. idios — худӣ, хосса ва адаптатсия) — яке аз самтҳои асосии таҳаввулоти андомгон, ки дар мавриди он сохтор ва вазифаи узвҳо тағйир меёбад, вале савияи инкишофи худи андомгон дигаргун намешавад.
Идиоадаптатсияро биологи рус А. Н. Северсов ба илм ворид кардааст. Ҳамзамон бо идиоадаптатсия аз вожаҳои кладогенез, алломорфоз ё аллогенез ва ғ. истифода мекунанд. Идиоадаптатсия боиси густариши гурӯҳҳои мавҷудоти зинда ва ба шохаҳои зиёди авлодӣ тақсим шудани онҳо мешавад. Масалан, рӯдаковокҳо (ҳидрашаклон, сифоидшаклон, полипҳои марҷонӣ, шонадорон) фаровон паҳн шудаанд, вале қатъи назар аз гуногунии андозаю шакл ва муҳити зист, дар худ типи умумии ташаккули ҳайвоноти дутабақаро маҳфуз доштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идиоадаптатсия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Северцов А. Н. Главные направления эволюционного процесса. Вып. 3., М., 1967.