Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Идиограмма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идиограмма (аз юн. idios — хос, хосса ва gramma — нақш, тасвир), кариограмма — нигориши муназзами дастаи хромосомаҳо (кариотип) ба шакли тасвир ё расмҳои хурд.

Хромосомаҳои ҳомологӣ дар идиограмма ҷуфт-ҷуфт ҷой мегиранд. Ҷуфт будани хромосомаҳо дар асоси шабоҳати морфологӣ ва тасвири хоссаи онҳо, ки дар натиҷаи пайдарҳамии мавзеъҳои гетерохромию эухромавӣ ба вуҷуд омадаанд, муайян карда мешавад. Хромосомаҳои бегона гурӯҳи умумиро ташкил медиҳанд. Идиограммаро бо мақсади ошкор кардани ноҷӯриҳои мухталифи хромосомаҳо, ки муҷиби бемориҳои ирсии гуногуни одам мешаванд, тартиб медиҳанд. Дар кариотипи одам бо дар назар доштани шаклу андоза хромосомаҳо ба 7 гурӯҳ ҷудо карда шудаанд.