Jump to content

Идиома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идиома (аз юн. idioma — ифодаи махсус, ба худ хос) — ибораи рехтаи фразиологие, ки маънояш бо маънои ҷузъҳое, ки онро ташкил медиҳанд, мувофиқат намекунад.

Мас., нӯл задан (кордор шудан), нури дида (фарзанд), даст сафед кардан (савғотӣ), мижа таҳ накардан (нахобидан), нафас ях кардан (фавтидан), дил шикастан (ранҷондан), барги сабз (туҳфа), ба як нӯл задан (мағлуб кардан) ва ғайра.

Идиомаҳо дохилизабонӣ ва байнизабонӣ мешаванд. Идиомаҳои байнизабонӣ айнан тарҷума намешаванд. Бинобар ин ҳангоми тарҷума ибораи идиомии мувофиқи мазмуни идиомаи тарҷумашаванда интихоб карда мешавад. Мас., аз ҷиҳати маъно ба ибораи тоҷикии «рӯ ба рӯ (гуфтан)» ибораи русии «с глазу на глаз» мувофиқат карда метавонад. Ифодаҳои идиоматикӣ дар аснои суварҳои гуногун зуҳур мекунанд ва воҳидҳои алоҳидаи забонро ташкил медиҳанд. Идиома дар ҷараёни инкишофи таркиби луғавии забон низ ба вуҷуд меояд. Таъбиру ибораҳои устувор (ибораҳои рехтаи фразеологӣ, мақолу зарбулмасалҳо) дар сурате ба идиома мубаддал мешаванд, ки агар тамоми ҷузъҳояшон мустақилии худро гум карда бошанд. Нигар низ Фразеология.