Идиосинкразия
Идиосинкразия (аз юн. idios ‒ худӣ ва synkrasis ‒ омехта, махлут), мизоҷвайронӣ — ҳассосияти ирсии андомгон ба баъзе хӯрокворию доруҳо (мас., моҳӣ, тухми моҳӣ, тухм, харчанги баҳрӣ, шоҳтути заминӣ, доруҳои амидопирин, антибиотикҳо, сулфаниламидҳо, бӯи баъзе ҷонварон ва ғ.).
Идиосинкразия нишонаҳои гармбодро дошта, бо паст шудани фишори хун, осеби девораи рагҳо, таровидани хун ба зери пӯсту луобпарда, маҳв шудани эритротситу лейкотситҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда ва узвҳои дигар ҷараён мегирад. Сабаби ин ҳама норасоии ферментҳо аст. Агар ферментҳои шираи меъдаю рӯда кам бошанд, хӯрок ҳазм нашуда, кори узви гувориш халал меёбад. Мас., ҳангоми дар рӯда нарасидани ферменти лактаза одам аз истеъмоли шир дарунрав мешавад. Идиосинкразия аз вокуниши гармбодӣ нисбат ба ғизо ва доруҳо тафовут дорад. Бо мақсади пешгирии идиосинкразия аз истеъмоли хӯрокворӣ ва доруҳое, ки ҳассосияти андомгонро меангезанд, худдорӣ бояд кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идиосинкразия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.