Идораи барномавии рақамӣ
Идораи барномавии рақамии дастгоҳ - система (низом)-и технологияи олии маъмулан компютеришуда, ки дар он абзори иҷрокунанда (ҳаракатоварҳо) ба таври автоматӣ идора карда шуда, амалеро бо масолеҳи нимтайёр аз рӯи барномаи махсус анҷом медиҳанд.
Нахустин дастгоҳҳо бо идораи барномавии рақамӣ «мантиқи қавӣ» (доимӣ) (анг. Numerical control, NC) доштанд, яъне барои тағйири реҷаи коркард тарҳи нави идоракуниро таҳия кардан лозим буд (мас., пешниҳод кардани барнома бо ёрии штекерҳо ё васлакҳо). Дар дастгоҳҳои муосири дорои идораи барномавии рақамӣ (анг. Computer numerical control, CNC) низоми идоракунӣ барои истифода кардани воситаҳои барномавӣ (барои тағйир додани барномаҳои мавҷуда ё барои таҳияи барномаҳои нав) имкон медиҳад. Замина барои сохтани CNC-ҳо микронозирак (микроконтроллер), нозирак (контроллер) бо мантиқи барномавӣ ё компютери идоракунанда дар асоси микропротсессор мебошанд. Амалисозии амсила (модел)-и ҷои кории марказиаш автоматонидашуда имонпазир аст [мас., Microsoft Robotics Developer Studio – Windows – муҳити ба самти муайян тамоюлдошта барои идоракунии роботҳо ва сохтакории онҳо (тақлиди идоракунии ягон раванд ё дастгоҳ) бо минбаъд бакорандозии барнома тавассути интиқоли он ба воситаи шабакаи саноатӣ]. Ба идораи барномавии рақамӣ инчунин дохил мешаванд: пулти оператор (ё консоли воридот-содирот), ки барои ворид кардани барномаи идоракунанда, дастӣ анҷом додани амалиёт имкон медиҳад; дисплей (ё тахтаи операторӣ) барои назорати аёнии реҷаи кор ва барномаи идоракунандаи таҳриркунанда (дар намуди абзори алоҳида барои идораи масофавии таҷҳизот); ҳофиза (амалиётӣ ва доимӣ); механизмҳои иҷрокунанда (ҳаракатоварҳои сервер, муҳаррикҳои қадамӣ ва ғ.). Нахустин дастгоҳи пешгузаштаи дастгоҳ бо идораи барномавии рақамиро Ж. М. Жаккар соли 1804 сохтааст (кортҳои перфоратсиониро барои идора кардани дастгоҳи гулдӯзӣ истифода кардааст). Ихтироъкори аввалин дастгоҳи фрезерии дорои идораи барномавии рақамӣ Ҷ. Парсонс (ИМА) мебошад. Ӯ соли 1945 бори нахуст барои рандакории контурии парраҳои чархбол истифода бурдани дастгоҳеро пешниҳод кард, ки аз рӯи барнома бо перфокортҳо (кортҳои перфоратсионӣ)-и воридшаванда кор мекард. Соли 1950 Институти технологии Массачусетс якҷо бо ширкати Hydro-Tel (ки дастгоҳи рандакорӣ истеҳсол мекард) дастгоҳи нави дорои идораи барномавии рақамиро сохтанд, ки тавассути перфокортҳо идора карда мешуд ва соли 1952 кори онро намоиш доданд. Нахустин дастгоҳҳои бо идораи барномавии рақамӣ, ки дар саноати Русия истифода мешаванд, дастгоҳҳои харротию печбарории 1К62ПУ ва харротии баландпояи 1541П мебошанд, ки дар нимаи аввали солҳои 1960 сохта шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идораи барномавии рақамии дастгоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.