Идораи давлатӣ
Идораи давлатӣ — шакли маъмурию ҳуқуқии ифодаи зоҳирии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим дароварда мешавад.
Ба маънии васеъ идораи давлатӣ чун фаъолияти ҳама рукнҳои ҳокимияти давлатӣ оид ба таъсиррасонии муташаккил ба муносибатҳои ҷомеа фаҳмида мешавад. Ба маънии маҳдуд, идораи давлатӣ чун фаъолияти марбут ба амалисозии роҳбарии бевосита дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маъмурию сиёсӣ тавсиф меёбад. Тавассути идораи давлатӣ ҳокимияти иҷроия вазифаҳои идоракуниро амалӣ мекунад. Идораи давлатӣ хусусияти амрдиҳӣ ва иҷроия дошта, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои қонунҳо амр ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии маъмурӣ қабул мекунанд. Фаъолияти идорӣ ё роҳбарӣ тавассути вазифаҳои ҳокимиятии идораи давлатӣ амалӣ гардида, хусусияти фаврӣ дорад.
Унсурҳои идораи давлатӣ: мавҷудияти ваколатҳои давлатӣ-ҳокимиятӣ, фарогирии тамоми ҷомеа ва соҳаҳои ҳаёти он, низомнокӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идораи давлатӣ / С. Иброҳимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Чиркин В. Е. Государственное управление. М., 2001;
- Козлов Ю. М. Админстративное право. М. 2005;
- Раззоков Б. Х. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. Д., 2007.