Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Идораи масофавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идораи масофавӣ — интиқоли таъсири идоракунанда (сигнал) аз оператор ба объекти идоракуние, ки дар масофаи муайян воқеъ аст.

Идораи масофавӣ аз интиқолдиҳанда (пулти идораи масофавӣ), қабулкунак ва механизмҳои иҷрокунанда (мас., реле) иборат аст. Системаҳои идораи масофавӣ-ро аз рӯи канали алоқа (асосан механикӣ ва электрӣ) фарқ мекунанд. Канали механикӣ дар ҷойҳое истифода мешавад, ки объектҳо аз ҳам дар масофаи начандон дур воқеъ гаштаанд ё вокуниш (аксуламал)-и лаҳзавии тасҳеҳнашударо таъмин кардан лозим аст (мас., идораи дастгоҳҳои париш, мошинҳо).

Дар навбати худ каналҳои электрӣ ба каналҳои симӣ, радиоканал, каналҳои ултрасадо ва инфрасурх ҷудо мешаванд. Каналҳои симӣ дар ҷое истифода мешаванд, ки дар он ҷо истифода бурдани каналҳои бесим имкон надорад (мас., бинобар набудани аёният, мавҷуд будани садд, мақсадҳои махфият) ё вобаста ба арзиш ва муҳофизат аз монеаҳо. Чунин канал бештар бо мақсади идоракунии системаҳои объектҳои сайёр (мутаҳаррик), таҷҳизоти объектҳои саноатӣ, ташхисгоҳҳо ё объектҳои махсус (ҳарбӣ ва таъйиноти дигар) истифода мешавад. Радиоканал (идораи радиоӣ)-ро асосан барои идора кардани объектҳои мутаҳаррик — бозичаҳо, тамсилаи варзишӣ, таҷҳизот барои вазъияти фавқулода (роботҳо ва ғ.), аппаратҳои париши бесарнишин, объектҳои таъйиноти ҳарбӣ, инчунин дар ҳолатҳое истифода мекунанд, ки интиқолдиҳанда ва қабулкунак дар доираи як назари мустақим ҷойгир шуда наметавонанд (системаҳои рӯшноидиҳӣ ё гармкунӣ, мошини болобардори дари гаражҳо ва ғ.). Канали ултрасавтӣ хеле кам, барои идоракунии объектҳои манқул ва ғайриманқул дар масофаи кӯтоҳ ва канали инфрасурх барои электроникаи маишӣ истифода мешаванд. идораи масофавӣ-ро дар авиатсия, техникаи кайҳонӣ (мас., луноход, дастгоҳҳои кайҳонӣ), техникаи компютерӣ ва ғ. ба кор мебаранд.