Jump to content

Идораи рулии автомобил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идораи рулии автомобил — ҷузви мошин барои таъмин кардани ҳаракати нақлиёти рулӣ ва тағйири самти ҳаракати он. Аксар мошинҳо ба воситаи рул идора карда мешаванд. Идораи рулии автомобил аз механизми рул ва ҳаракатовари чархҳои идорашаванда иборат аст.

Чархи рули 1 дар наварди рулии 2 шинонда шудааст, каҷак (червяк)-и 3, ки дар нӯги поёнии наварди рулӣ ҷойгир аст, бо чархи каҷаки 4 илҳоқ мебошад. Дар наварди 5-и чархи мазкур китфаки 6 ҷой мегирад. Китфак тавассути кашаки рулии барқад 7 бо фишанги 8-и гарданаи тобхӯрандаи 9-и чархи чап алоқаманд аст. Гарданаҳои тобхӯрандаи чархҳо ба ҳам бо ёрии фишангҳои 10, 12 ва кашаки тарвозаи 11 пайваст мебошанд. Ҷузвҳои 1-6 механизми рулиро ташкил медиҳанд; механизми мазкур неру (қувва)-еро, ки бо он ба чархи рулӣ барои тоб додани автомобил таъсир бояд кард, зиёд мекунад. Ҳаракатовари рулӣ аз системаи кашакҳои 7 ва 11-и фишангҳои 8, 10 ва 12 ташкил ёфта; таъсири қувваи механизми рулиро ба гарданаҳои тобхӯрандаи чархҳои идорашаванда интиқол медиҳад. Кашаки тарвозаи 11, болори 13-и пули пеш ва фишангҳои 10, 12 трапетсияи рулиро ташкил медиҳанд. Ҳангоми тоб додани чархи рулӣ наварди 5 ва китфаки 6 дар гирди тири худ чарх мезананд ва тавассути кашаки барқади 7 гарданаи тобхӯрандаи 9-ро (он дар навбати худ бо ёрии кашаки тарвозаи 11 гарданаи 14-и чархи ростро) тоб медиҳанд.

Таносуби дурусти байни кунҷҳои тобхӯрии ҳар ду чархҳо мувофиқан бо интихоби андозаҳои трапетсияи рулӣ ба даст оварда мешавад. Нигар низ Автомобил.

  • Вишняков Н. И. Автомобиль. Основы конструкции. М., 1986;
  • Жолобов Л. А. Устройство и техническое обслуживание автомобиля. Ростов-на-Дону, 2002.