Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Идоракунии лашкар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идоракунии лашкар — фаъолияти ҳадафманди фармондеҳӣ, ситод ва дигар мақомоти идоракунӣ оид ба таъмини омодагии ҳарбии лашкар (қӯшунҳо), тайёр кардани онҳо ба амалиёти ҷангӣ ва роҳбарии қӯшунҳо ҳангоми иҷрои супоришҳои додашуда.

Вазифаҳои идоракунии лашкар: дарёфт, ҷамъоварӣ, омӯзиш, тасвир, таҳлил ва арзёбии вазъ; қабули қарор барои амалиёт (ҷанг); супоришдиҳӣ ба лашкар; банақшагирии амалиёти ҷангӣ; ташкилу таъмини ҳамкорӣ ва тамоми намудҳои таъминот; роҳбарӣ ба омодагии мақомоти тобеи идоракунӣ ва лашкар ба амалиёти ҷангӣ; ташкили назорат ва мусоидат ба фармондеҳони тобеъ, ситодҳо, қӯшунҳо (лашкар); роҳбарии мустақим ба амалиёти лашкар ҳангоми иҷрои супоришоти ҷангӣ; нигоҳдории ҳолати ахлоқӣ-равонии лашкариён ва дигар тадбирҳо. Идоракунии лашкар дар асоси қарори фармондеҳӣ ва дастури мақоми болоии идоракунӣ ташкил ва амалӣ карда мешавад. Принсипҳои асосии идоракунии лашкар: яккасардорӣ; тамаркузи идоракунӣ; қатъият ва устуворӣ дар татбиқи қарорҳои қабулшуда; вокуниши фаврӣ ба тағйирёбии вазъият; масъулияти шахсӣ, муташаккилӣ ва эҷодкорӣ. Идоракунии лашкар тавассути ситодҳои дахлдор сурат мегирад. Мақоми асосии идоракунии лашкар дар Тоҷикистон Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  • Словарь военных терминов. М., 1988;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1996, № 23.