Идоракунии маҳаллӣ
Идоракунии маҳаллӣ — низоми мустақили мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки фаъолияти он тавассути муассисаҳои идорӣ амалӣ мешавад.
Раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарии мақомоти намояндагии ҳудуди ба онҳо вобастаро ба зимма доранд. Раиси мақомоти идоракунии маҳаллӣ (ҳокимияти иҷроия дар маҳал) дар асоси яккасардорӣ фаъолият карда, барои амалигардонии салоҳияти худ қарор ва амр қабул мекунад. Санади меъёрию ҳуқуқии раиси мақомоти идоракунандаи маҳал хусусияти ҳатмии иҷроиш дар ҳудуди марзию маъмурии маҳалро дорад. Самтҳои фаъолияти роҳбарони маҳаллӣ:
а) иҷрои қонунҳо ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳудуди маҳалле, ки ба онҳо вобаста карда шудаааст;
б) таъсису таҷдиди сохторҳои маҳаллӣ;
в) ҷобаҷогузории захираҳои кадрӣ ва назорати фаъолияти онҳо;
г) таҳия ва амалисозии барномаҳо, ободонии ҳудуди марзию маъмурии маҳалли дахлдор.
Идоракунии маҳаллӣ тобеи мақомоти идоракунии болоӣ ва марказӣ буда, раиси мақомоти маҳаллии идоракунӣ ҳам дар назди мақомоти намояндагии маҳал, мақомоти болоӣ ва ҳам дар назди мақомоти идоракунии марказӣ ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идоракунии маҳаллӣ / С. Иброҳимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Раззоқов Б. Х. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. Д., 2007;
- Раззоков Б. Х. Государственная администрация Таджикистана на рубеже веков. Д., 2011.