Jump to content

Идрисиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Идрисиҳо
Таърихи таъсис 98
Бунёнгузор Idris Ibn Abdallah[d]
Кишвар
Пойтахт Volubilis[d] ва Фос[d]
Иваз шуд ба хилофати Фотимиён[d]
Таърихи фурӯпошӣ 974
Тасвири нақшаи мавқеият
Мазҳаб Zaidism[d]
Феҳристе аз инсон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Идрисиҳо — сулолаи арабтабор, ки солҳои 788—974 дар Мағриби Дур (ҳоло Марокаш) ҳукмрон буданд.

Асосгузори сулола Идрис ибни Абдуллоҳ (788—791/92) буд, ки насабаш ба паёмбар Муҳаммад (с) пайваст мешуд. Вай ҳамчун шиамазҳаб зери таъқиби Аббосиён дар Мағриб паноҳ бурда, имоми қабилаҳои барбарӣ интихоб гардид. Баъдан Идрис бо пуштибонии қабилаҳои барбарӣ аморати мустақили Идрисиҳоро бо марказаш ш. Валилӣ (Волюбилис) ташкил кард. Соли 789 дар наздикии ш. Валилӣ ш. Фесро бунёд кард, ки онро писараш Идрис (Идриси II, ҳукмронӣ 792—828) ба пойтахти давлат табдил дод. Дар аҳди ҳукумати Идриси II музофотҳои Танҷир, Сеута ва Тилимсон ба қаламрави аморати Идрисиҳо дохил шуданд. Давлати Идрисиҳо мутамаркиз набуд; аз иттиҳоди музофоту шаҳрҳои ниммустақил иборат буд. Дар аҳди Муҳаммад Мунтасир (ҳукмронӣ 828-36) давлати Идрисиҳо ба чанд мулки мустақил ҷудо шуд. Дар давраи шиддати муборизаҳои дохилисулолавии Идрисиҳо ш. Фес аз ҷониби Фотимиён ишғол гардид (917 ё 921). Баъдан дар Мағриби Дур муборизаҳои сиёсӣ байни Фотимиён ва хилофати Қуртуба (Кордова) шиддат ёфта, Идрисиҳо дар баъзе минтақаҳои дурдаст аморати худро то охири асри 10 ҳифз карданд. Баъзе намояндагони сулолаи Идрисиҳо (Ҳаммудиён) дар Испанияи мусулмонӣ мавқеи худро мустаҳкам карда, дар музофоти Малага ва Алхесирас ҳукумат доштанд (1010-57).

  • Рыжов К. В. Все монархи мира. Мусульманский Восток VII—XV вв. М., 2004.