Jump to content

Идрисӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Идрисӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нақшанигор, ҷуғрофиёдон, мисршинос, муаррих, гиёҳшинос, нависанда, мусофир
Таърихи таваллуд: тақрибан 1111[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 1166[5] ё 1165[1][6][4]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: нақшанигорӣ[d][3], ҷуғрофиё[3] ва Саёҳат[3]
Ҷойи кор: Андалус[3], Sicily[d][3] ва Андалусия[3]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Идрис ал-Ҳамудӣ ал-Ҳасанӣ (ар. أبو عبد الله محمد بن محمد الإدريسي‎; тақрибан 1111[1][2], Ceuta[d][3][4]тақрибан 1166[5] ё 1165[1][6][4], Sicily[d], Sicily[d][5]), маъруф ба Идрисӣ (ар. الإدريسي‎) — олим ва ҷуғрофиёдони араб аз авлоди Идрисиҳо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди таҳсил дар Қуртубаи Андалус (ҳоло Иттиҳоди худмухтори Андалузия дар ҳайати Испания) ба кишварҳои атрофи б. Миёназамин ва Англия сафар кардааст. Соли 1138 бо даъвати ҳокими Ситсилия Рожери II (ҳукмронӣ 1130—1154) ба шаҳри Палермо рафта, баъди 15 сол харитаи калони Заминро тартиб дод. Харитаи Идрисӣ дар лавҳаи нуқрагин ҳаккокӣ шуда, нусхаи аслаш боқӣ намондааст; танҳо нусхаҳо ва матнҳои илҳоқии он (Палермо: 1154) мавҷуданд. Дар харита номи зиёда аз 2500 баҳр, кӯл, дарё, кӯҳ, давлат ва мавзеъҳои ҷуғрофиёӣ сабт гардидааст. Идрисӣ барои тартиб додани харита аз китобҳои Птоломей, Арасту, Павел Орозия, Ибни Хурдодбеҳ, Яъқубӣ, Ибни Ҳавқал, Узрӣ ва дигарон истифода кардааст. Асари машҳури Идрисӣ «Нузҳату-л-муштоқ фӣ ихтироқи-л-офоқ» («Хурсандии муштоқ дар кушодани кишварҳо») ё «ал-Китоб ар-Руҷарӣ» («Китоби Рожер») мебошад, ки бори аввал соли 1592 дар ш. Рум бо номи «Китобу-н-нузҳати-л-муштоқ фӣ зикри-л-амсор ва-л-ақтор ва-л-булдон ва-л-ҷузур ва-л-мадоин ва-л-офоқ» («Китоби хурсандии муштоқ дар зикри пойтахтҳо, кишварҳо, мамлакатҳо, ҷазираҳо, шаҳрҳо ва офоқ») ва баъдан ба забони лотинӣ дар Порис (1619) нашр гардид. Баргузидаи ин асар соли 1866 таҳти унвони «Сифату-л-Мағриб ва-с-Судон ва-л-Миср ва-л-Андалус» («Сифати Мағриб, Судон, Миср ва Андалус») дар ш. Лейден (Ҳоланд) ба табъ расидааст. Идрисӣ дар ин асараш чандин вилоят, шаҳр, баҳр, дарё, кӯл ва манзумаи кӯҳии сатҳи Заминро мухтасаран тавсиф кардааст, ки дар он замон хеле дақиқ буд. Ӯ мувофиқи анъанаи ҷуғрофиёии Юнон ва Шарқ заминро ба ҳафт иқлим ва ҳар иқлимро ба 10 қисмати тарвоза (кӯндаланг) тақсим кардааст. Тавсифи ҳар қисматро Идрисӣ дар харита сабт кардааст. Ин харита доир ба донишҳои ҷуғрофиёии арабҳо дар асри 12 маълумоти дақиқ дода, аз кулли харитаҳои ҷуғрофиёӣ ва тавсифи сатҳи Замин, ки дар он замон дар Аврупои Ғарбӣ маълум буданд, бартарӣ дошт. Асари мазкури Идрисӣ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва аз ҷониби бисёр ҷуғрофиёдонҳои Шарқу Ғарб аз асри 12 то замони кашфиётҳои бузурги ҷуғрофиёӣ дар Аврупо истифода шудааст. Асарҳои дигари Идрисӣ «Равзату-л-унс ва нузҳату-н-нафс» («Боғи унс ва роҳати рӯҳ») ва «ал-Ҷомеъ фӣ сифоти аштоти-н-наботот» («Китоби ҷомеъ дар сифати набототи гуногун») мебошанд.