Jump to content

Иени Ҷопон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Йени Ҷопон
ISO 4217:
Кишварҳо: Ҷопон
Symbol: ¥

Иена (ҷопонӣ: — эн – гирд, доирашакл) — воҳиди пулии Ҷопон, ки соли 1871 ба ҷои низоми пулии Токугава расман ба муомилот бароварда шудааст; яке аз захираҳои асосии асъори ҷаҳон. И. ба 100 сен тақсим мешавад. Коди байналмилалиаш JPY. Аломаташ ¥. Ҳукумат мубодилаи пулҳои коғазии қавмиро, ки феодалон аз охири асри 16 интишор мекарданд, манъ кард ва И. дар шакли тангаҳои нуқрагин ва тилоӣ аз солҳои 1869–71 сикка зада мешуд. Октябри 1897 дар таркиби И. 0,750 г тилои холис мавҷуд буд. То соли 1879 мубодилаи пулҳои қавмӣ бо И. анҷом дода шуд. Инчунин воҳидҳои пули майдаи сен (= 1 ⁄100) ва рин (=1 ⁄1000) ҷорӣ гардиданд, ки соли 1954 аз муомилот бароварда шуданд. Соли 1872 ҳукумати Мейдзи дар бораи бонкҳои миллӣ ва бонкҳои хусусӣ, ки мақоми бонкҳои миллиро доштанд, қонун қабул кард ва интишори пулҳои бадалшавандаро иҷозат дод. Марти 1927 Ҷопон ба буҳрони молиявӣ дучор шуд. Мардум тамоми пасандози худро аз бонкҳо гирифтанд ва пул камёб шуд. Бинобар ин бонк дар муддати кӯтоҳ пулҳои коғазии 200 И.-ро интишор намуд. Охири соли 1933 меъёри тилоӣ расман боздошта шуд. Солҳои 1933–39 Ҷопон ба иттиҳод (блок)-и стерлинг дохил гардид ва 1 И. ба 14 пенси фаронсавӣ баробар шуд. Дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ И. пули асосии иттиҳоде буд, ки ба он Корея, Тайван, Таиланд, Хитойи Шимолӣ, Ҳиндухитойи Фаронсавӣ ва Макао дохил буданд. Августи 1945-ум 15 И. ба 1 доллар ва 25 апрели 1949 арзиши 360 И. ба 1 доллари ИМА баробар буд. Дар асоси ин қурб 11 майи 1953 Фонди байналмилалии асъор мақоми И.-ро ҳамчун асъори эътирофгардидаи байналмилалӣ муқаррар намуд. Солҳои охир қурби И. ба доллари ИМА тақр. 100 = 1 аст. Танҳо Бонки Ҷопон ҳуқуқи интишори И.-ро дорад: пулҳои коғазии аз 1000 то 10000 ва тангаҳои аз 1 то 500 И. бароварда мешаванд. Дар рӯи пулҳои коғазӣ акси шахсони маъруфи Ҷопон тасвир шудааст. И. тӯли якчанд даҳсола дар олами сармоя ба сифати дуввумин захираи муҳимми асъорӣ қарор дошт, ҳарчанд солҳои охир аз он камтар истифода мешавад. Соли 1964 ба шарафи бозиҳои олимпӣ нахустин тангаи нуқрагини 1000 И. бо иёри 925 бароварда шуд. Аз соли 2002 тангаҳои хотиравии нуқрагин қариб ҳар сол бароварда мешаванд. Айни ҳол 26 намуди чунин тангаҳо (бо қутри 40 мм, вазни 31,1 г ва теъдоди 100000-дона) дар муомилот қарор доранд.


Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи