Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иерихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Иерихон
ар. أريحا
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис тақрибан асри XCVI то м.
Масоҳат
  • 59 км²
Баландии марказ −275 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 23 220 тан (2016)
Забони расмӣ арабӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 02
jericho-city.org
jericho-city.ps
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иерихон — маҷмааи ёдгории бостонӣ, харобаҳои шаҳри қадима, ки дар водии д. Урдун, дар ҳудуди шаҳри Ариҳо (марзи байни Фаластин ва Исроил) воқеъ аст.


Муҳимтарин ёдгории бостонии Иерихон — Тали Султон (баландӣ 22 м; масоҳат 5 га) мебошад, ки 22 км шимолтари Байтулмуқаддас воқеъ аст. Иерихон дар Инҷил зикр шуда, харобаҳои он аз ҷониби бостоншиносон Ч. Уорен (1873), Э. Зеллин, К. Ватсингер (1907-09), Ҷ. Гарстанг (1930-36) ва К. Кенион (1952-61) ҳафр гардид. Бозёфтҳои бостонии Тали Султон ба давраи мезолит то асри оҳан (ҳазорсолаи 11-1 то м.) тааллуқ доранд. Дар сатҳи поинии теппа як толори бузурги тарҳаш роскунҷа (6,5х3,5 м.) пайдо шуд, ки ба «маъбад» шабоҳат дорад. Деворҳои он сангӣ ва сутунҳояш чӯбӣ (6 адад) буданд. Аз атрофи ин иншоот чор қабати маскунӣ, муҷассамаҳои хурди ҳайвонот (асп, гов, буз, хук) ва ашёи гуногуни чақмоқӣ ёфт гардид. Қабати маскунии нисбатан ғафстари Иерихон (10 м) ду марҳалаи инкишофи бошишгоҳро дар аҳди неолит ошкор кард, ки ҳанӯз инсоният дар он давра сохтани зарфҳои гилиро намедонист. Дар марҳалаи аввали инкишофи бошишгоҳ (ҳазораи 9 — нимаи аввали ҳазораи 8 то м.) хонаҳо тарҳи мудаввару байзашакл доштанд; пойдевори хонаҳо аз сангу гил, деворҳо аз тахтасанг ва хишти хом бунёд ва бомҳо бо қамиш ва андова ҳамвору гумбазӣ пӯшида шуда буданд. Сокинони Иерихон гандум, ҷав, наск ва ғ. кишт мекарданд. Онҳо ҷасади фавтидагонро дар зери шифти хона ё дохили анбор дафн мекарданд. Баъдан маросими махсуси дафнкунӣ дар байни сокинони Иерихон маъмул гардид. Онҳо ҷумҷума (косахонаи сар)-и ҷасадро бе ҷоғи поин дар хона нигоҳ медоштанд. Дар марҳалаи дуввум (нимаи дуввуми ҳазораи 8 — нимаи аввали ҳазораи 7 то м.) хонаҳо тарҳи росткунҷа ва дари васеъ доштанд; деворҳо аз хишти хом буданд; шифти хонаҳо бо оҳак андуда шуда, оташдони амиқ доштанд. Дар ин марҳала сокинони бошишгоҳ бузу гӯсфандро ром карда, ҳар гуна муҷассамаи гилини зан, мард ва кӯдак месохтанд. Солҳои 6000-4300 то м. давраи таназзули Иерихон буд. Дар Иерихон се қабати маскунии давраи авввали асри биринҷӣ (3300-2300) ошкор гардид. Дар ин давра атрофи бошишгоҳи Е. бо девори истеҳкомӣ иҳота шуда, иншоот аз рӯи тарҳи муайян бунёд меёфт. Бошишгоҳи Иерихон дар ҳазораи 3 то м. аз ҷониби қабилаҳои бодиянишини сомӣ ва фиръавнҳои Миср қисман хароб гардид. Иерихон дар асрҳои 18-16 то м. ба авҷи тараққиёт расид. Дар ин давра атрофи шаҳр бо девори дуқабата иҳота шуда, тавассути шаҳр роҳи тиҷоратӣ мегузашт. Дар охири ҳазораи 2 то м. Иерихон аз тарафи яҳудиҳо хароб шуда, баъдан аз тарафи шоҳи яҳудӣ Аҳаб (873—852 то м.) барқарор гардид. Дар асрҳои 7-6 то м. Иерихон шаҳри хурд буд. Солҳои 60 то м. румиҳо Иерихон-ро тибқи тарҳи антиқиаш дар ҷанубу ғарбтари шаҳри қадима барқарор карданд. Дар миёнаҳои асри 6 дар Иерихон калисои Бибӣ Марям (Богородитса) бунёд ёфт. Иерихон дар асри 7 аз ҷониби форсҳо ва византиягиҳо ишғол ва соли 630 ба ҳайати Хилофати араб дохил шуд. Соли 1099 насрониҳо дар натиҷаи юришҳои салибӣ шаҳрро ишғол карданд ва баъдан Салоҳуддини Айюбӣ онро ба мусулмонон баргардонд. Дар атрофи шаҳри имрӯзаи Иерихон ва Ариҳо чандин ёдгории дигари шаҳри қадим боқӣ мондаанд.