Иероглиф
Иероглиф (юн. ἱερός – муқаддас ва γλυφή – кандакоришуда) — хатти тасвирии рамзӣ, аломатҳои тасвирии одамон, ҳайвонот, рустаниҳо, биноҳо ва ашёи дигар; шакли асосӣ ва қадимтарин хатти мисрӣ, ки аз охири ҳазораи 4 то м. то асри 3 м. истифода мешуд. Маъмулан, дар низоми хатти шифоҳӣ-ҳиҷоӣ вомехӯрад. И. метавонад овоз ва ҳиҷои алоҳида [унсурҳои хатти алифбоӣ ва ҳиҷоӣ (силлабографӣ)], инчунин морфемаҳо (қисми калима, ки маънои луғавӣ ё грамматикӣ дорад), калима ва мафҳумҳои Харобаҳои Тали Султон. Харобаҳои Иерихон. Иерихон 525 ИБНИ СИНО – ИЛЛЯ ҳои хатти баъзе мардуми Бутон истифода шудааст. Мафҳуми И. нисбат ба аломатҳои дигар хатҳои ғайриалифбо низ истифода мешавад. Аломатҳои хатти қадимӣ (ҳазораи 2 то м.), аломатҳои ғайримехӣ, як навъи тасвири хатти хеттӣ (ҳазораи 2–1 то м.) ва ғ-ро, маъмулан, И. меноманд. Дар тамаддуни Майя низ (ибтидои солшумории мелодӣ) маъмул буд. Нигар низ Хат, Хатти мисрӣ, Хатти чинӣ.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иероглиф // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 524-525. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.