Издивоҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Издивоҷ (ар. ازدواج‎ — ҷуфт шудан, ҷуфт кардан; заношӯӣ) — дар фалсафа таркиби хосси унсурҳо бо ҳам, омехтагии ҷирмҳои улвӣ бо унсурҳои чаҳоргонаи суфлӣ, ки маҳалли мизоҷ ва сабаби мавҷудияти маволиди сегона (ҷамод, набот ва ҳайвон) мешавад. Ҷирмҳои улвиро ба манзилаи падар, суфлиро модар гӯянд. Издивоҷ гоҳе ба маънии таъсиру таассур ва феълу инфиоли ҷисмҳои улвӣ ва суфлӣ истифода мешавад.

Ҳикмате, ки буд Ҳақро з-издивоҷ,
Гашт ҳосил аз ниёзу аз лаҷоҷ.

Маснавии маънавӣ

Мавҷудот дар олам ба сурати ҷуфт (нарина ва модина) офарида шудаанд, ки бо омезиш насли нав ба бор меоваранд.

Издивоҷ дар ҳуқуқ ба қайд гирифтани заношӯӣ бо розигии тарафайн дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; дар шариат бастани ақди никоҳ байни зан ва шавҳаршаванда бо розигии онҳост. Дар издивоҷ ҳузури на камтар аз ду шоҳид зарур аст. Издивоҷ омили асосии ташкили оила ба шумор меравад.

Дар илми бадеъ пайи ҳам омадани ду лафзи муташобеҳи гуногунмаъноро издивоҷ гӯянд:

Эй зи лаъли оташинат дар дили гулнор нор,
Ғайри дил бурдан надорӣ, эй бути маккор, кор!

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ғиёсуддин Муҳаммад. Ғиёс-ул-луғот. Ҷ. 1. Д., 1987;
  • Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон//Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. № 11. Д., 2015;
  • Боқизода А. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ (ибодот ва аҳволи шахсӣ). Д., 2018.