Измаил (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Измаил
укр. Ізмаїл
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ 1542
Масоҳат
  • 53 км²
Баландии марказ 31 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00 ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 68600-633
Коди мошин BH ва НН / 16
izmail-mr.od.gov.ua(укр.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Измаил (аз соли 1812 то 1856 — Тучков), шаҳр дар қисми ҷанубу ғарбии Украина, маркази маъмурии ноҳияи Измаили вилояти Одесса (1954).

Аҳолиаш 71,2 ҳазор нафар (2017). Дар соҳили чапи шохаи д. Дунай, 80 км дуртар аз б. Сиёҳ, дар сарҳадди Руминия ҷойгир аст. Аз И. то маркази вилоят 192 км, то ш. Киев 711 км. Бандари бузург дар д. Дунай, истгоҳи р. о. ва фурудгоҳ дорад. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ бори нахуст одамон дар асри 4 то м. дар ин ҷо сокин шудаанд. Дар асри 2 дар резишгоҳи д. Дунай — д. Репидаи Хурд, начандон дуртар аз И.-и ҳозира румиҳо қалъаи Сморнисро бунёд карданд. Аз охири ҳазораи якум дар ҷои И. бошишгоҳи Смил вуҷуд дошт, ки онро тотор-муғулҳо хароб карданд. Дар охири асри 14 ҳудуди ҳозираи И. ба ҳайати князии Молдова гузашт ва дар харобаҳои Смил деҳаи нав — Синил пайдо шуд. Соли 1538 Синилро сипоҳиёни Туркия забт карданд ва Синил И. номгузорӣ шуд. Дар асри 16 дар И. қалъа бунёд ва дар асри 17 азнавсозӣ карда шуд. Солҳои 1594-95 казакҳои Запороже бо сарварии Г. Лободи ва С. Наливайко И.-ро истило намуданд. Соли 1771 И. пойгоҳи ҳарбии дастаи киштиҳо (флотилия)-и Дунай гардида, дар он корхонаҳои киштисозӣ бунёд шуд. Соли 1790 И.-ро русҳо забт карданд. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Ясс (1791-92) И. ба ҳайати Империяи Усмонӣ баргардонда шуд. Соли 1812 дар мувофиқа бо Созишномаи сулҳи Бухарест И. расман ба ҳайати Русия гузашт. Аз соли 1812 шаҳр маркази уездҳои Томаровск (1813-18), Измаил (1818 −30) ва вил. Бесарабия буд. Баъди Ҷанги Қрим (1853-56) мутобиқи Созишномаи сулҳи Порис (1856) И. ба ҳайати князии Молдова гузашт. Солҳои 1918-40 дар ҳайати Руминия ва соли 1940 ба ҳайати ИҶШС (ҶШС Украина) дохил гардид. Дар И. таҳкурсии деворҳо, боқимондаи хандақҳо, қалъаву масҷидҳо ва дигар ёдгориҳои меъмории асрҳои 15 ва 19 боқӣ мондаанд.

Ҳоло дар И. саноати хӯрокворӣ (консерваи мева, гӯшт, моҳӣ, шаробпазӣ) рушд кардааст. Комб. селлюлозаву картон, з-дҳои таъмири киштӣ, маснуоти оҳану бетонӣ ва хиштӣ дорад. Дар И. Донишгоҳи давлатии гуманитарӣ (1952), Донишкадаи нақлиёти обӣ (1997), Осорхонаи таърихии ба номи А. В. Суворов (1946), нигористони мусаввараҳо (1974) ва ҷойҳои дигари таърихӣ ҷойгиранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]