Изоритмия

Изоритмия (юн.-қад. ἴσος) – баробар ва юн.-қад. ῥυθμός – мавзунӣ, таносуб, ритм) — усули бандубаст дар мусиқии бисёровозии Аврупои асрҳои 14–15, ки такрори бисёркаратаи пайдарҳами давомноки овозҳоро, сарфи назар аз оҳанг (хатти баланди садо)-и дар ҳамон овоз гузаранда, ифода мекунад. Чун қоида, такрори бисёркаратаи ибораҳои оҳангӣ дар тенор (овози баланди мардона), усулҳои такрорёбандаи зарбӣ дар талеа (лот. talea – қисм, ҳисса), оҳанги такроршаванда дар колор ( лот. сolor – такрори ороишӣ) ҷойгиранд. Намудҳои таносуби қисми оҳанги такроршаванда (талеа) ва такрорёбии ороишӣ (колор) мухталифанд. Намунаи маъмули он дар як ҳиссаи колор ба 3–4 талеа рост меояд. Баъзан навъҳои мураккаби ҳамоҳангӣ вомехӯранд [синхронӣ – тасвири яквақта (2 колор ба 3 талеа, 3 колор ба 4 талеа рост меояд]. Маънои навозишҳои омехтаи усулҳо ва оҳангҳои мустақил дар он ифода меёбад, ки давомнокии талеа дар ҳолати такрорёбӣ ҳар бор дар баландиҳои гуногун қарор мегирад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори аввал Изоритмияро мусиқишинос Иоан де Мурис дар «Рисола дар бораи мусиқии мензуралӣ» (тақрибан 1340) мухтасар шарҳ додааст. Нахустин намунаҳои бадеии Изоритмия дар осори мусиқии Филипп де Витри вомехӯранд [аз 15 адад 12 мотетаи ӯ (жанри мусиқии бисёровозии Аврупои Ғарбии асри миёна ва давраи Эҳё) Изоритмия мебошанд]. Дар эҷодиёти Гилома (Гильома) де Машо Изоритмия ниҳоят инкишоф ёфта буд. Изоритмия ҳамчун яке аз усулҳои бандубасти оҳанг дар асри 16 низ вомехӯрд (масалан, дар мотетаҳои Ж. Депре ва А. Вилларта), вале дар асарҳои мусиқии асри 20 кам ба назар мерасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изоритмия / Ш. Ҳабибов. // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.