Изостазия
Изостазия (аз изо... ва юн.-қад. στάσις – ҳолат) — мувозинати изостатикӣ, ҳолати тавозуни механикии сатҳи қишри Замин, ки ҳангоми он дар ягон умқи Замин (маъмулан, баробари 100–150 км қабул мекунанд) дар мантияи болоӣ фишори ҷинсҳои аз онҳо боло ҷойгиршуда яксон мешавад. Дар ин маврид барзиёдӣ ё нокифоягии массаҳо дар сатҳи Замин бо азнавтақсимшавии мувофиқи массаҳо дар қаъри он ҷуброн карда мешавад.
Изостазия ҳолати аз ҷиҳати ҳидростатика мутавозини қишри Замин мебошад, ки ҳангоми он қишри зичиаш нисбатан хурд (зичии миёна 2,8 г/см3) дар қисми зичиаш нисбатан бузургтари мантияи болоӣ – астеносфера (зичии миёнааш 3,3 г/см3) мувофиқи қонуни Архимед «шино» мекунад. Изостазия ҳодисаи маҳдуд нест, балки тахтасангҳои хеле бузург (100–200 км)-ро фаро мегирад (онҳо дар мувозинати изостатикӣ қарор доранд).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Назарияи Изостазия дар натиҷаи нахустин мушоҳидаҳои геофизикӣ ба вуҷуд омад. Баъди таҳияи назарияи ҷозиба аз ҷониби Нютон таҳқиқи майдони қувваҳои вазнинии Замин оғоз шуданд. Маълумоти ҷуброншавии вазни иншооти кӯҳӣ бо массаҳои нисбатан сабукро физики фаронсавӣ П. Бугер (1698–1758) соли 1749 ба даст овардааст. Олимон тахмин кардаанд, ки дар болои кӯҳҳо қувваи вазнинӣ назар ба қувваи вазнинӣ дар ҳамворӣ ё уқёнус бояд бузургтар бошад, зеро худи кӯҳҳо масса доранд. Аммо андозагириҳо нишон доданд, ки дар минтақаҳои релефашон гуногун қувваҳои вазнинӣ хеле ба ҳам наздиканд ва кӯҳҳо «вазн надоранд». Барои маънидод кардани ин зиддият фарзияе ба вуҷуд омад, ки мувофиқи он зери кӯҳҳо ғорҳои бузурге ҷойгир буда, массаи барзиёдии кӯҳҳоро ҷуброн мекунанд. Аммо баъдтар фарзияи Изостазия пешниҳод шуд, ки ҷавҳари ҳамаи назарияҳои бузурги геодинамикӣ (аз ҷумла геосинклинал, дрейфи қитъаҳо, тектоникаи плитаҳо ва ғ.) гардид. Тамсилаҳои изостатикии мувозинати қишри Замин – тамсилаҳои Ҷ. Эйри, Ҷ. Прэтт ва Венинг – Мейнес ба вуҷуд оварда шуданд. Истилоҳи «Изостазия»-ро олими амрикоӣ К. Деттон соли 1882 ба илм ворид карда буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изостазия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.