Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Изотерма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Изотермҳои ҳарорати миёнаи январ дар Аврупо.

Изотерма (аз изо... ва юн.-қад. θέρμηгармӣ), 1) изохатҳои ҳарораташон яксон. Маъмулан мафҳумҳои Изотермаи июл ва Изотермаи январро истифода мекунанд. Изотерма барои муайян кардани ҳарорати воқеӣ дар қисмҳои гуногуни сатҳи Замин истифода мешавад. Изотермаҳои миёнаи солона барои арзёбии иқлими ба ҳарорат вобастабудаи маҳалҳои гуногун имкон медиҳанд. Маҳалҳои мазкурро бо минтақаҳое иваз кардан мумкин аст, ки дар онҳо ҳарорат аз як қимати муайян то қимати муайяни дигар тағйир меёбад; дар ин маврид Изотермаҳо сарҳадди ин минтақаҳо мешаванд. Изотерма дар диаграммаи термодинамикӣ хаттест, ки яке аз изоравандҳо – равандҳои изотерми (раванд дар ҳарорати доимӣ анҷом меёбад)-ро тасвир мекунад; 2) дар харитаи ҷуғрофиёӣ хаттест, ки нуқтаҳои ҳарораташон доимиро ба ҳам мепайвандад.