Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Изотопҳои радиоактив

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Калиди тритиум

Изотопҳои радиоактив — изотопҳои ноустувор ва худ аз худ таҷзияшавандаи унсурҳои кимиёӣ.

Ҳангоми таҷзияи радиоактивӣ атомҳои изотопҳои радиоактив ба атомҳои як ё чанд унсури дигари кимиёӣ табдил меёбанд. Изотопҳои радиоактивӣ ҳамаи унсурҳои кимиёӣ муайян карда шудаанд. Дар табиат наздики 50 изотопҳои радиоактив вуҷуд дорад. Бо ёрии реаксияҳои ҳастаӣ қариб 1000 изотопҳои радиоактиви сунъӣ ба даст оварда шудаанд. Фаъолияти изотопҳои радиоактив аз рӯи адади таҷзияи радиоактивӣ дар ҳамон миқдори изотопҳои радиоактив дар воҳиди вақт (воҳиди фаъолият – кюри) муайян карда мешавад. Изотопҳои радиоактив бо давраи нимкоҳиш (муддате, ки дар он фаъолнокӣ ду баробар кам мешавад), гармӣ ва неру (дуруштӣ)-и нурафканӣ тавсиф меёбад. Изотопҳои радиоактив ҳамчун нишондиҳанда (индикатор)-ҳои радиоактив ва манбаи афканишот дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника фаровон истифода мешаванд. Дар техника танҳо баъзе изотопҳои радиоактивӣ сунъиро, ки нисбатан арзон ва дарозумр мебошанд, ба кор мебаранд. Соҳаҳои нисбатан муҳимми истифодаи изотопҳои радиоактиви кимиёи радиатсиявӣ, таҳқиқи амалиёт дар кӯраҳои чӯянрезӣ ва мартенӣ, хӯрдашавии ҷузъҳои мошинҳо, афзорҳои бурранда ва ғ. мебошанд.