Изотропия
Намуди зоҳирӣ
Изотропия, изотропият (аз изо... ва юн.-қад. tropos – гардиш, самт, тараф) — дар ҳама самт яксон будани хосиятҳои физикии муҳит (акси анизотропия – вобастагии хосиятҳои физикӣ, аз ҷумла механикӣ, электрӣ, магнитӣ, оптикӣ ба самт).
Тамоми газҳо, моеъҳо ва ҷинсҳои сахт дар ҳолати аморфӣ аз рӯи ҳамаи хосиятҳои физикиашон изотропианд. Хосиятҳои физикии кристаллҳо бештар анизотропӣ мебошанд, вале ҳар қадар симметрия (таносуб)-и кристалл баланд бошад, изотропияти вай ҳамон қадар зиёд мешавад. Ҳамин тариқ чандирӣ, мустаҳкамӣ, хусусиятҳои электрооптикии кристаллҳои баландсимметрия (алмос, германий, намаксанг) анизотропӣ буда, нишондиҳандаи шикасти рӯшноӣ, электргузаронӣ, зариби аз гармӣ васеъшавӣ ва хосиятҳои дигари онҳо изотропӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изотропия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.