Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Изотсианатҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурӯҳи функсионалии изосианат

Изотсианатҳо, N-алкилҳосилаи асиди изосианат, эфирҳои асиди изосианат, R – N = C = O (R-алкил, радикалҳои ароматӣ ё алкилароматӣ, ҳетеросиклӣ ва ғ.). Изотсианатҳо моддаҳои беранг ё каме рангини моеъ ё кристаллӣ буда, дар натиҷаи алкилонии сианати калий бо алкилсулфатҳо ё алкилонии сианати нуқра бо алкилгалогениҳо ҳосил мешаванд.

KNCO+SO2 (OC2H5)2 → C2H5–NCO+KSO4C2H5

AqNCO+CH3J → CH3–NCO+AqJ

Изотсианатҳоро дар саноат бо роҳи фосгенонии аминҳои якумин ҳосил мекунанд.

R–NH2+COCl2→ RNCO+2HCl

Изотсианатҳо вобаста ба адади гурӯҳи -NCO ба моно-, ди-, три- ва ғ. ҷудо мешаванд. Изотсианатҳои алифатӣ худ аз худ полимеризатсия шуда, ба эфирҳои кислотаи изосианат табдил меёбанд. И-и ароматӣ нисбатан устуворанд. Изотсианатҳо дар таркибашон бандҳои дучанда (– N = C = O) доранд. Онҳо аз ҷиҳати кимиёӣ хеле фаъоланд. Зери таъсири об ба аминҳои якумин ва дуоксиди карбон таҷзия мешаванд.

CH3–N=C=O+HOH→ CH3 –NH2+CO2

Изотсианатҳо дар саноат барои истеҳсоли каучукҳои уретанӣ, полиуретанҳо, ширеш, локу ранг, ҳербитсидҳо ва ғ. истифода мешаванд.