Изтирор
Изтирор (ар. اضطرار – ночорӣ, ноилоҷӣ, парешонӣ, тангдастӣ, дармондагӣ; бечора ва ҳоҷатманд кардани касе, зулм, зарар, осеб) — зарурати ниҳоӣ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ва маъмурӣ ҳолатест, ки инсон барои ҳифзи ҷон, мол ва ҳуқуқи худ ё дигарон даст ба ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мезанад.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Изтирор вақте рух медиҳад, ки шахс дар ҳолати хатари шадид қарор мегирад ва имкон дорад ба ҳукми зарурат ночор амали ҷиноятиро содир кунад, то худ ва дигаронро аз ин хатар наҷот диҳад. Изтирор вазъест, ки шахсро миёни ду амр мегузорад: яке риояи қонун ва дигаре осеб расонидан ба моли ғайр ва таҷовуз ба ҳуқуқи каси дигар, ки дар ниҳоят амали ғайриқонунӣ содир мекунад. Дар сурати рафъи хавфи бевосита таҳдидкунанда ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахс ё шахсони дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат, расонидани зарар ба манфиатҳое, ки қонун муҳофизат мекунад, ҷиноят ҳисобида намешавад. Изтирор ҳолатест, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад. Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани кирдори дар ҳолати изтирор содиршуда хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда, воқеият ва наздикии фаро расидани он, имконияти воқеии шахс дар мавриди пешгирии он, вазъи рӯҳии ӯ дар ҳолати бамиёномада ва дигар ҳолатҳо ба назар гирифта мешаванд. Барои он ки кирдорҳои ҳангоми изтирор содиршуда ҷиноят ҳисобида нашаванд, ду шарт зарур аст: 1. Шартҳое, ки ба таҳдиди хавф хоссанд: а) хавф мумкин аст аз ҳаракат, ҳолат, ҳодисаҳо дар давраҳои гуногун ба вуҷуд ояд (кирдори инсон, қувваҳои табиат, носозии техникиву механизмҳои гуногун, ҳуҷуми ҳайвонот, давраҳои физиологӣ, ки дар андомгони инсон ҷараён мегиранд: беморӣ, гуруснагӣ, бархӯрди ду уҳдадорӣ, масалан, пизишк дар як вақт ба назди ду бемор даъват мешавад ва ғ.); б) хавф бояд мавҷуд бошад; в) хавф бояд воқеӣ бошад, на хаёлӣ. 2. Шартҳои муҳофизатӣ: а) ҳангоми изтирор мумкин аст манфиатҳои гуногуни аз тарафи қонун ҳифзшаванда муҳофизат шаванд; б) зарар бояд ба шахси севвум расонида шавад; в) зарар дар ҳолатҳое расонида шуданаш мумкин аст, ки агар рафъи хавфи таҳдидкунанда бо воситаҳои дигар номумкин бошад; г) зарари расонидашуда бояд аз ҳадди изтирор нагузашта бошад, яъне аз зарари пешгиришаванда камтар бошад.
Дар ҳуқуқи гражданӣ зарари дар ҳолати изтирор расонидашуда бояд аз ҷониби шахси зараррасон ҷуброн шавад. Бо дар назар доштани ҳолати зарари расонидашуда суд метавонад уҳдадории ҷуброни зарарро ба зиммаи шахси севвум, ки зараррасон ба манфиати ӯ амал кардааст, гузорад ё ҳам зараррасон ва ҳам шахси севвумро пурра ё қисман аз ҷуброни зарар озод кунад (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1082).
Ҳолатҳои иҷозат додаи шариат
[вироиш | вироиши манбаъ]Изтирор дар фиқҳ ҳолатест, ки шахс бар асари тангно ногузир аз миёни ду зарар ё ду фосид сабуктарашро гузинад: зарурати ниёзи шадид, ки бароварда нашудани он мумкин аст хатари ҷонӣ ё зиёни молии ҷуброннопазиреро падид оварад. Изтирор ҳолати истисноиест, ки бо шароите бархе аз маҳрумотро мубоҳ (нораво) ва бархе аз мамнуъотро ҷоиз месозад. Инсон бар асари ногузирӣ, ки ба он дучор меояд, ба гирифтани тасмиме водошта мешавад, ки бар хилофи муқаррароти мавҷуди дин ва урфу одат аст. Барои изтирор қоидаҳои махсусе таъйин шудаанд. Барои рафъи хатар дар мавридҳои изтирор 6 ҳолатро метавон ба назар гирифт, ки шариат иҷозат додааст: 1. Хӯрдан ҳангоми набудани ғизо барои идомаи зиндагӣ (хӯрдани хӯрокиҳои ҳаром, масалан, гӯшти ҳайвони худмурда, хук ва ғ.; Қуръон, 2:172, 173, 195). Шарти аслӣ ин аст, ки шахс худ муқаддамоти изтирорро фароҳам накарда, майл ба гуноҳ низ надошта бошад. 2. Ошомидан (ошомидани нӯшиданиҳое, ки дар ҳолати одӣ ҳаром шумурда шудаанд; Қуръон, 2:219; 5:90). 3. Ламсу назар (ҳангоми бурузи хатари ҷонӣ ва эҳтимоли садамот, зилзила, ғарқшавӣ, муоинаи пизишкӣ, ҷарроҳии фаврӣ ва ғ.). 4. Талафи ҷон (барои ҳимояи ҷону мол ва номуси худ куштани дузди мусаллаҳ ё роҳзан ва ғ.). 5. Ситонидан ё талафи моли дигарон (агар хатари ҷонӣ дар пеш бошад, метавон дар ҳадди зарурӣ аз моли дигарон истифода кард, ба шарти он ки товони он баъдан пардохт гардад; ба баҳр андохтани моли мусофирони киштӣ ҳангоми таҳдиди марг). 6. Дурӯғ гуфтан ва пинҳон доштани ҳақиқат (пешгирӣ аз ҷанг барои ҳифзи ҷони мардум ё касе). Изтирор аз марзи ризои одӣ ва солим мегузарад, вале ба марзи икроҳ (касеро ҷабран ба коре водор кардан) намерасад. Бархилофи икроҳ, ки омили берунӣ дорад ва ихтиёр дар он нест, омили фишор дар изтирор комилан шахсӣ аст ва инсон худ бар асари тангиҳое, ки барояш падид меоянд, ба гирифтани тасмиме водошта мешавад. Изтирор истисное бар таклифи фиқҳӣ аст, ки дар зиндагии рӯзмарра бо навъҳои мухталиф барои шахси мутасаддӣ ба вуҷуд меояд. Ҳеч амали зишт пазируфтанӣ нест ва муртакиби он ба ҳар далел қонунан ва шаръан масъул хоҳад буд, аммо дафъи зарар дар шароите хос ваҷҳи фиқҳӣ ёфтааст (масалан пардохтани ришва барои дафъи зулм, чунонки ба ҷуз он чорае набошад).
изтирор дар адабиёти форс-тоҷик фаровон истифода шудааст:
Зорият бошад далели изтирор,
Хиҷлатат бошад далели ихтиёр.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изтирор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.