Изҳори ҳамдардӣ
Изҳори ҳамдардӣ — дар амалияи дипломатӣ баёни расмии таслият (таъзия) бинобар расидани мусибат ба кишвар, аз ҷумла фавти сарвари давлат (шоҳ, президент) ва раиси ҳукумат, шахсиятҳои маъруф, офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ, тӯфон), садамаи нақлиётӣ ва ғайра, ки харобиҳо, зиён ва талафоти сангин ба бор меоранд.
Шаклҳои изҳори ҳамдардӣ: барқия, номаи таслият. Ҳангоми фавти сарвари давлат, ба замми изҳори ҳамдардӣи хаттӣ, дар маросими мотам (аз ҷумла, маросими динӣ) ҳайатҳои намояндагии кишварҳои хориҷӣ, ки махсус сафарбар шудаанд, ширкат меварзанд. Онҳо ба роҳбарони кишвар таслияти шифоҳӣ изҳор мекунанд. Роҳбарони намояндагони дипломатӣ (сафирон, кормандони сафоратхонаҳо ё дуайен) аз номи ҳайати дипломатӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ёддошт (нота)-ҳои шахсӣ, шифоҳӣ ва кортҳои ташрифотро бо навиштаҷоти «p. c.» (заб.фаронс.. pour condolence – барои изҳори ҳамдардӣ ва таслият) дар қисмати чапи поёни онҳо ирсол мекунанд.
Дар рӯзҳои мотам дирафши (парчам)-и давлатӣ дар болои сафоратхонаҳо ба андозаи нисфи пояи дирафш фуроварда мешавад. Дирафши давлатии шоҳии Арабистони Саудӣ, ки дар он калимаи шаҳодат навишта шудааст, ҳеч гоҳ нимафрохта намешавад. Намояндагии дипломатии кишваре, ки мотам эълон кардааст, бо ёддошти хаттӣ ё шифоҳӣ дар бораи ҳодиса, замон ва макони ифтитоҳи китоби изҳори ҳамдардӣ ба ҳукумат ва ҳайати дипломатӣ хабар дода, қабули намояндагони кишварҳо ва дипломатҳоро барои изҳори ҳамдардӣ созмон медиҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изҳори ҳамдардӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.