Икат

Икат (малайии meng-ikat – бастан, гиреҳ задан, печондан) — як навъи матои мунаққаш, ки тор ё пуди онро пеш аз бофтан бо ранги муқовим ранг мекунанд; шеваи қадимии бофт ва ранг кардани матоъ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар икат нақшро рӯи тор, пуд ё ҳар ду ба василаи рангрезӣ ба вуҷуд оварда, сипас онро мебофанд. Ин навъи бофтро дар Ҳинд «ҳул», дар Эрон «дороӣ» ва дар Индонезия икат мегӯянд. Икат пеш аз густариши муносибатҳои бозаргонӣ миёни ақвоми мухталиф ривоҷ дошт. Куҳантарин намунаи икат дар Ҳиндустон ва Миср бозёфт шудааст. Аксари муҳаққиқон Индонезияро макони пайдоиши икат медонанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои бостоншиносӣ ва хаттӣ икат аз асрҳои 6–7 дар Ҳинд, Эрон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Яман, Осиёи Марказӣ (Бухоро, Синзян), Ҷопон, Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африқо ва ғ. маъмул гардидааст. Дар гузашта икатро дастӣ мебофтанд, ҳоло бо дастгоҳҳои махсус бофта мешавад. Барои бофтани икат риштаҳоро мувофиқи андозаи маҳсулот (масалан, сарӣ) ба рӯи чорчӯб мекашанд ва ба шакли нақши пешакӣ тарҳрезишуда ҷамъ карда, мебанданд. Бастан ва рангрезӣ аз 2 то 6–7 бор пайиҳам сурат мегирад. Маъмулан, барои эҷоди нақш дар рӯи матоъ аз ду усул истифода мебаранд: офаридани нақш ҳангоми бофт ва нусхапартоӣ дар рӯи матоъ. Нақшунигори икат аз хатҳои рах-рах ва зинашакл таркиб ёфтаанд. Вобаста ба тарзи бофт икат торӣ, пудӣ ва торипудӣ (дурӯя) мешавад. Тарзи бофт аз бастан, ранг кардан ва кушодани нахҳо иборат аст. Дар гузашта барои икат аз ранг (нил, сиёҳи хокистаранг) ва абрешими табиӣ (ҳоло маснуӣ низ) истифода мешуд. Дар Ҳинд (бандҳана, читка, патола) аз абрешим (сербар ва камбар) ва пахта (камбар) истеҳсол мешавад. Икати пахтагини истеҳсоли Андра-Прадеш (Почампалли ва ғ.) ба мамлакатҳои халиҷи Форс содирот мешуд. Икати абрешими гаронбаҳои сербар – патолаи Гуҷарот ва Ориса (дар Ҳиндустон ва Индонезия матои маросимӣ дониста шуда, ҷузви либоси арӯсӣ маҳсуб мешуд) ба Индонезия тавассути тоҷирони гуҷаротӣ (аз ҳазораи 1) ва ширкатҳои тиҷоратии аврупоӣ (асрҳои 16–19) ворид мегардид. Дар икатҳои абрешимиву пахтагии Индонезия, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ услуби нақшунигор, ки барои анъанаҳои икати қадимӣ хос буд, вомехӯрад.
Дар Ҷопон икати сербар ё камбар, маъмулан, дуранга (ранги нил)-и пахтагӣ (касурӣ) ҳамчун масолеҳи суннатӣ барои кимано (либоси мардона) ва матои ороишӣ хидмат мекунад. Нақшунигори икати ҷопонӣ, маъмулан, тамоми замин (таг)-и матоъро фаро мегирад ё дар шакли медалон ва қаламарезгӣ, баъзан тасмашакл иҷро мешаванд. Дар Амрикои Марказӣ Икатҳои пашмӣ вуҷуд доштанд. Дар Осиёи Миёна (Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Намангон, Марғелон ва ғ.) дар асрҳои 19–20 истеҳсоли икатҳои абрешимиву нимабрешимӣ (атлас, адрас) ба зинаи баланди тараққиёт расид. Икатҳои Осиёи Миёна абрбандӣ мешуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Икат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.