Икебана
Икебана, икэбана (ҷоп икэ – ҳаёт, бана – гулҳо) — санъати қадимии ҷопонии ороиши гулҳо.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Икебана аз маросимҳои бо гулҳо оро додани маъбадҳои буддоӣ дар асри 6 маншаъ гирифта, дар сарчашмаҳои хаттӣ аввалин бор дар асри 10 аз он ёд шудааст. Тибқи ривоят нахустин бор ороиши гулҳоро писари шоҳ Сётоку (574–662) оғоз кард. Ибтидо барои ороиш ду гул ё ду шохаро истифода мебурданд. Дар Икебана гул ва осмон унсурҳои аслӣ мебошанд. Дар асри 7 бо таъсири фалсафаи конфутсионии Чин дар Ҷопон композитсияи ороиши гулҳо рамзи секунҷа гирифт, ки се унсурро мефаҳмонд: осмон, замин ва одам. Дар сохтани Икебана рустаниҳои гуногун (шохаҳои рустаниҳо, баргҳо, алаф, пӯсти дарахт, мева, буттаҳо ва гулҳо) истифода шуда, дар натиҷаи он шакли табиии композитсияи гулҳо ба вуҷуд меояд, ки хусусиятҳои асосии он мухтасар, амиқӣ ва комилиятро нишон медиҳанд. Дар асри 7 ин санъат рушд кард ва бо омезиши анъанаҳои қадиму муосир намудҳои гуногуни Икебана ва мактабҳои он ба вуҷуд омаданд. Дар Ҷопон се мактаби Икебана: Икэнобо, Охара ва Сгэтсу машҳур мебошанд. Дар бораи Икебана аввалин маълумот дар миёнаи асри 15 пайдо шуд, ки бо номи Икэнобо Сэн Кэй машҳур буд. Дар шеъру ривоятҳои мардумӣ алоқамандии Икебана бо дини буддоӣ мушоҳида мешуд. Дар Икэнобо як шохаи майда ва як гулро ба фазои беҳамтои кайҳон ва одам маънидод мекунанд. Дар ин ҷо як гул рамзи ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.
Мактаби замонавии Икэнобо панҷ сабки Икебанаро дорад: Рикка, Сёка, Морибана, Нагэирэ ва Дзюика. Онҳо бо шаклҳои хос ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ шудаанд. Дар гурӯҳи якум сабкҳои Рикка, Сёка, Морибана ва Нагэирэ бо шаклҳои муайян мавҷуданд. Ба гурӯҳи дуввуми сабкҳо намуди Дзюика дохил мешавад, ки шакли муайян надорад. Баъди асри 15 Икебана мазмуни динӣ – буддоии худро аз даст дод ва дар замони ҳозира он ҳамчун воситаи ороиш истифода мешавад, яъне мардум мӯи сар, либос, хона ва ғ-ро бо гул оро медиҳанд. Композитсияи гулҳо мазмуни мураккаб дорад. Масалан, бамбук (найи ҳиндӣ) рамзи ҷавонӣ ва ҷовидонӣ; гули саҳлаб – шодмонӣ; санавбар, бамбук ва олу – умри дароз; гули довудӣ – рамзи асосии ҷопониҳо мебошад, ки дар ҳамаи сабкҳо ва шаклҳои Икебана истифода мешавад. Дар асрҳои охир санъати Икебана аз лаҳзаҳои тантанавӣ дар маъбадҳо то фазои хона хеле кам тағйир ёфтааст. Дар он бештар гулҳои истода (rikka), гулҳои зинда (seikaёshoka), гулҳои овезон (nagere) ва сабки «moribana»-и мактаби Охара маъмул мебошанд. Дар ҳамаи сабкҳои Икебана чунин шаклҳои сохтро истифода мебаранд: амудӣ, каҷӣ, шалола. Маводди зарурӣ барои сохтани Икебана: қайчӣ (барои ба андозаи зарурӣ буридани гулу шохаҳо); хумҳо (kabin)-и баланду борик, ки дар даруни худ девора доранд; сейк, ки устувории шохаҳои гули Икебанаро таъмин менамояд; контейнер (кэдзан)-и пасти майда ва вазнин бо сӯзанҳои аз 2 то 10 см, ки дар онҳо шохҳои ғафси гулҳоро мустаҳкам мекунанд. Дар Ҷопон ҳоло беш аз сад мактаби санъати ороиши гулҳо вуҷуд дорад ва ҳамаи онҳо як шарти асосии Икебанаро нигоҳ медоранд: инсон бо тамошои зебоии гулҳо ба ваҷд меояд ва пажмурдашавии онҳоро дида, бояд пай барад, ки ҳаёт ҷовидонӣ нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Икебана // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.