Иклили ҷанубӣ
Иклили ҷанубӣ | |
| Номи расмӣ | лот. Corona Australis[1] |
|---|---|
| Номи кӯтоҳ | CrA |
| Номида ба шарафи | тоҷ |
| Ҳаммарз бо | Sagittarius[d], Scorpius[d], Ara[d] ва Telescopium[d] |
| Масоҳат |
|
| Тааллуқ дорад ба Викилоиҳаи | WikiProject Constellations[d] ва WikiProject Astronomy[d] |
Иклили ҷанубӣ (форсӣ: اکلیل جنوبی) (лот. Corona Australis, русӣ – Южная Корона) — Тоҷи Ҷанубӣ, бурҷи хурд ва тира дар Нимкураи ҷанубии осмони ситоразор, ки дар сарҳадди ҷанубии бурҷи Қавс воқеъ аст.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Бурҷи азалӣ ва яке аз 48 бурҷи феҳрасти Афлотун «Алмаҷастӣ» буда, дар осмон 128 дараҷаи мураббаъро ишғол мекунад (ҷои 80 дар байни бурҷҳои осмон) ва 40 ситораи ба чашм намоён дорад. Қадри ситоравии тақр. ҳамаи ситораҳои Иклили ҷанубӣ дар ҳудуди аз 4m то 5m мехобад. Шакли устуравии ситораҳо ба камон монанд буда, мисли Иклили Шимолӣ номгузорӣ шудааст. Фарози мустақимаш аз 17h 50m то 19h 10m ва майлаш аз –45° то 37°. Дурахшонтарин ситораҳои бурҷ β CrA ва α CrA (ал-Факка, Меридиан) мебошанд. Иклили ҷанубӣ ситораи γ-ситораи дугоник дорад, ки қадри ситоравиаш ба 4,23m баробар буда, дар масофаи 58 с. р. аз Замин ҷойгир аст. Ситораҳои ϵ, V686, V692, V701-и бурҷи мазкур ситораҳои тағйирёбанда буда, қадри ситоравиашон мутаносибан ба 4,83m, 5,36m, 5,47m ва 5,37m баробар мебошад ва дар масофаҳои 98, 425, 1655 ва 211 с. р. ҷойгиранд. Ситораи ε ба гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи W Дубби Акбар, ситораи V686 ба гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи α2 Сагони Тозӣ, ситораи V692 ба гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи SX Ҳамал ва ситораи V701 ба гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи δ Сипар дохил мешаванд.
Ягона ситорае, ки дар ин бурҷ сайёра дорад, ситораи 1666724 мебошад, ки дар масофаи 138 с. р. ҷойгир буда, қадри ситоравии он ба 9,31m баробар аст. Иклили ҷанубӣ дар масофаи 29300 с. р. аз Офтоб ҷойгир буда, дорои як қатор объектҳои ҷолиби Кайҳони дур, аз қабили абрҳои чангии кайҳонӣ аст, ки то масофаи 8 пк тӯл кашидаанд. Ин абрҳои чангӣ нурҳои аз Галактикаи Роҳи Каҳкашон паҳншударо фурӯ мебаранд. Дар наздикии абрҳои чангӣ туманоти кабудтоби NGC 6726, 6727 ва 6729 ҷойгиранд. Сабаби чунин тобиши туманот инъикоси нури ситораҳои гарм буда, онҳо чанги кайҳониро паҳн мекунанд. Бурҷ сели шиҳобии Бета-Тоҷи Аустринидҳо дорад. Иклили ҷанубӣ дар минтақаҳои арзи ҷуғрофиёиашон аз +53° то −90° намоён буда, вақти мусоид барои мушоҳидаи он моҳи июл аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иклили ҷанубӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.