Иконников Сергей Сергеевич
Иконников Сергей Сергеевич | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 6 май 1931 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 11 июл 2005[1] (74 сол) |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | гиёҳшиносӣ |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илм[1] ва доктори илмҳои биология[d][1] |
| Алма-матер | |
Иконников Сергей Сергеевич (6 май 1931, Маскав[1] — 11 июл 2005[1]). Хатмкардаи факултаи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1955).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмиашро соли 1995 дар Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 1968 дар вазифаҳои лаборанти калон ва х. к. и. Стансияи биологии Помир кор кардааст. Аз соли 1969 то поёни умр сарходими Институти таҳқиқоти илмии ботаникаи ш. Ленинград (ҳоло ш. Санкт-Петербург) буд. Саҳми Иконников Сергей Сергеевич дар омӯзиши олами набототи Бадахшон назаррас аст. Ӯ дар ҳайати экспедитсияҳои илмӣ ба Тоҷикистон сафар карда, оид ба набототи он, хосса рустаниҳои оилаи мехакҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Дар ин самт чандин намуди нави онҳоро тасниф намудааст, ки номи ӯро гирифтаанд (Aulacospermum ikonnikovii, Elytrigia ikonnikovii, Lagotis ikonnikovii, Linaria ikonnikovii, Taraxacum ikonnikovii). Соли 1958 дар экспедитсияи ҷустуҷӯи ғӯл (дар кӯли Сарез) иштирок кардааст. Коллексияи ҳербарияҳои Иконников Сергей Сергеевич дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти биологияи Помир ва факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Маскав маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 6 7 8 9 Иконников С. С. Вклад петербургских и ленинградских ботаников и географов в изучение природы Памира, A Contribution by Botanists and Geographers of Petersburg-Leningrad to the Study of the Pamir’s Nature (рус.) // Историко-биологические исследования — 2013. — Т. 5, вып. 2. — С. 28—43. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иконников Сергей Сергеевич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.