Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иконография

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шамоилнигорӣ, чеҳранигорӣ, чеҳраомӯзӣ, иконанигорӣ, иконография (юн.-қад. εἰκών – тасвир, нақш ва γράφω – менависам) — дар санъати тасвирӣ низоми устувору мушаххаси тасвири ягон қаҳрамони асотирӣ, ашё, сужет ва ғ.; санъати махсуси тасвирӣ, ки умдатан хосси санъати қиддис мебошад; тасвири рамзноку маросимии ҳаёти иҷтимоӣ ва қоидаҳои ахлоқ; дар санъатшиносӣ ҷараён ва яке аз усулҳои таҳлили маънои асари санъати тасвирӣ.

Навъҳои иконография

  • Иконографияи Богородитса.
  • Иконографияи Исои Масеҳ.
  • Иконографияи Буддо, бодхисатва (дар буддоия) ва ғ.

Иконография дар наққошиҳои динӣ ва тамсилӣ ҷузъи муҳим мебошад. Унсурҳои чунин наққошиҳо маънои хос дошта, аксаран мубҳам ва намодианд.

Нахустин намунаҳои иконография (тасвири саҳнаҳои шикор) ҳанӯз дар санъати ибтидоӣ зуҳур карда буд. Низоми мураккаби иконография дар санъати тасвирии кишварҳои Шарқи Қадим, бахусус дар тасвирҳои аҳроми Мисри Қадим ташаккул ёфтаанд. Дар тамаддуни давраи неолити Шарқи Миёна барои тасвир ва муаррифии худоён аз пайкараҳои ғайриинсонӣ ё ҳайвонӣ истифода мебурданд. Санъати бостонӣ дорои таҷрибаи ғании иконография буда, фасоҳати устураҳои бостониро инъикос кардааст. Иконографияи охирҳои аҳди бостон бо санъати масеҳият ғанитар шуда, ба он маънии динӣ зам кард. Шаклҳои санъати атиқа дар заминаи маънои сирф масеҳӣ истифода мешуданд. Бахусус тасвири мундариҷаи матнҳои Инҷилу Таврот дар асрҳои миёнаи Аврупо ба анъанаи муҳимми иконография табдил ёфт. Дар ин давра иконографияи Аврупои Ғарбӣ дар муқоиса бо иконографияи Аврупои Шарқӣ, ки тасвирҳои ирфониву ишроқӣ хосси он буд, озодтару дунёгаротар гардид. Баъдан дар асрҳои миёна дар Ғарб таҷдиди маводди иконографӣ, ки умдатан ба рушди фардият ва шахсияти парҳезгор алоқаманд буд, пураҳаммият гардид. Дар санъати наққошии асрҳои миёнаи Аврупо ба намунаҳои беҳтарини осори иконография пайравӣ кардани рассом ҳатмӣ буд. Дар иконографияи давраи Эҳё дар баробари таҷдиди анъанаи иконографияи бутпарастӣ, атиқӣ, устуравӣ тасвири огоҳонаи рамзӣ, санъати маҷоз ва истиора фаровон истифода шуда, дар тасвирҳо бештар рамз ба назар мерасад, ки бинандаро ба дарки маънии он водор мекунад. Дар санъати Эҳёи Шимолӣ ашё ва воқеаҳо дорои «рамзи ниҳонӣ» ва мазмуни хосси қудсӣ гардиданд. Дар асри 17 иконографияи динии асрҳои пешинро жанрҳо ва тимсол (образ)-ҳои нав иваз карданд. Баъдан баробари аз байн рафтани тасвирҳои суннатии иконографӣ (дар романтизм, реализм) ё ба сужети адабӣ табдил шудани онҳо (дар академизм, символизм) анвои нави иконография зуҳур карданд, ки дар онҳо ҷузъиёти маишӣ тасвир шуда, мавзӯъҳои гуногуну мақомҳои нави онҳо шакл гирифтанд.

Вазифаҳои иконография

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иконография ҳамчун ҷараёни махсуси санъатшиносӣ ва яке аз усулҳои таҳлили маънои асари санъати тасвирӣ ба моҳияти аслии тасвир ишорат мекунад, на ба маънои маҷозии он ва бештар хусусияти тавсифӣ дорад. Вазифаи асосии он тасниф, танзим ва ба навъҳо ҷудо кардани тасвирҳо мебошад. Таҳлили иконографии асар бояд манбаи дақиқи (матни хаттӣ, дигар тасвирҳо) мазмуни онро ошкор кунад. Манбаъҳои муносибати иконографиро дар жанри атиқии экфрасис – тавсифи бадеии асарҳои санъати тасвирӣ (Плинийи Калонӣ, Филострати Калонӣ, Павсаний), ки анъанаи он ба асрҳои миёна (Евсевий Кесарийский, Иоанн Златоусти муқаддас, Михаил Пселл, патриарх Фотий) низ муассир аст, дидан мумкин аст. Тавсифи иконографӣ дар асари «Тавсифи зиндагӣ» (1550)-и Ҷ. Вазарӣ дода шудааст; усули иконографиро бори нахуст Ҷ. П. Беллори дар асари «Зиндагиномаи рассомони муосир» (1672) истифода кардааст. Рушди минбаъдаи муносибати иконографӣ дар доираи бостоншиносии динӣ сурат гирифт. Ба он рисолаи «Оид ба тасвир ва таҷассуми қудсиён»-и И. Моланус (1570) оғоз бахшид. Ба иконография ҳамчун фанни мустақили манбаъшиносӣ Ф. Пипер ва А. Шпрингер, ҳамчун илми мустақил А. Ҷеймсон ва Э. Истлейк дар Англия асос гузоштаанд. Барои рушди иконография дар Фаронса асарҳои Э. Маля, А. Грабар, дар Русия Н. П. Кондаков, Н. В. Покровский, А. П. Голубсова, Е. К. Редин, Д. В. Айналова хидмати шоиста кардаанд. Таҳқиқоти муосири иконографӣ асосан таҳқиқоти байнифаннӣ мебошанд, ки дар онҳо усулҳои омӯзиши таърихи дин, адабиётшиносӣ, равоншиносӣ, инсоншиносӣ (антропология), ҷомеашиносӣ, нишонашиносӣ (семиология) ва илмҳои дигари гуманитарӣ ба назар гирифта мешаванд (Х. Белтинг, С. Синдинг-Ларсен, В. Н. Лазарев, О. С. Попова, Э. С. Смирнова, И. Л. Бусева-Давыдова, Н. В. Квливидзе, О. Е. Этингоф, Е. И. Ротенберг, М. Н. Соколов, А. Л. Баталов ва дигарон).