Иконология
Иконология (юн.-қад. εικών – мусаввара, λόγος – омӯзиш) — самти таҳқиқот дар таърихи санъат, ки ҷанбаҳои рамзии асари тасвириро меомӯзонад; яке аз усулҳои таҳлили мазмуни асарҳои санъати тасвирӣ ва меъморӣ.
Иконология идома ва пурракунандаи иконография буда, дар муқоиса бо он усули васеи тафсир аст. Истилоҳи «Иконология» бори нахуст дар сарлавҳаи китоби Ч. Рипа «Иконология ё шарҳи тасвирҳои иқтибос аз атиқа ва дигар манбаъҳо» (1593) истифода шуда буд; дар ибтидо он маҷмӯъ ва шарҳи гуногуни тасвирҳо (на танҳо мусаввараҳои санъати тасвирӣ, балки адабӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафавӣ)-ро ифода мекард. Мафҳуми «Иконология» аз нав дар асри 19 аввал дар мақолаи олими страсбургӣ А. Варбург «Санъати Италия ва астрологияи интернатсионалӣ дар Палатссо Скифаноя дар Ферраре» (1912), баъд дар навиштаҳои муаррихи ҳолландии санъат Г. Й. Хогеверфф пайдо шуд. Усулҳои тафсири рамзии дертар чун Иконология ифодашуда дар корҳои А. Варбург, ки дар асарҳои санъат силсилаи рамзҳои муқаддаси қадимии дар таърих вуҷуднадошта ва новобаста ба инсонро ошкор кардааст (1892), ташаккул ёфтанд. Ин рамзҳо дар давраи атиқа пайдо шуда, мавҷудияташон дар фарҳанги марҳалаҳои баъдӣ ба назар мерасад. Ба ақидаи Варбург ин шаклҳои нахустини рамзҳои тафаккури инсониро танҳо тавассути муколамаи ақлонии таърихи фарҳанг аз худ кардан имконпазир аст. Ф. Заксл ва Э. Винд пайравони бевоситаи Варбург буданд. Мафҳуми «Иконология» ба шарофати олими амрикоӣ-олмонӣ Э. Панофский солҳои 20–30 асри 20 ба таври васеъ маъмул ва эътироф гардид. Э. Панофский соли 1939 асари санъати тасвириро дар шакли сохтори сегонаи мазмун (сужети аввалия, маънии дуввумдараҷаи анъанавӣ ва «моҳияти дохилӣ» ё мазмун) тафсир кард, ки ба ҳар сатҳи он яке аз тарзҳои таҳлил (услубӣ, иконографӣ ва иконологӣ) ва яке аз воситаҳои омӯзиш (таҷрибаи амалӣ, манбаъҳои хаттӣ, «гувоҳии дил») мувофиқ аст. Баъдан Иконология дар корҳои Я. Бялостотский, ки Иконологияро ҳамчун «иконографияи тафсирӣ» мефаҳмид, рушд кард. Ӯ мафҳуми «мавзӯъҳои қолабӣ»-ро (ақида, моҳият, сужетҳои умумии ғайритаърихиро ҳамчун падидаи умумиинсонӣ, таҷрибаи мавҷуд) ҷорӣ кард. Дар рушди Иконология Виттковер Р. саҳми назаррас дорад. Ӯ 4 сатҳи маънои «рамзҳои возеҳ» (алифбоӣ, адабӣ, маҷозӣ ва эзоҳӣ) ва 4 дараҷаи айнияти тафсирро (маънои алифбоӣ ба таври мустақим ба ҳама дастрас буда, адабӣ тавассути дониши махсус, маҷозӣ аз тариқи эҳсосоти шоирона ва ҳисси дилсӯзӣ, эзоҳӣ ба воситаи қобилияти эҷодӣ дарк карда мешавад) муайян кардааст. Дар таърихи меъморӣ усули иконологиро Г. Бандманн, ки меъмориро «ҳомили маъно» ва усулҳои иконологиро аз 4 намуд (рамзӣ, маҷозӣ, таърихӣ, эстетикӣ) иборат медонист, ҷорӣ кардааст. Ҳамаи онҳо ба 4 намуди ҳисси инсонӣ мутобиқ буда, дар типология ва морфологияи меъморӣ зоҳир мешаванд. Тафсирҳои психологии Иконологияро дар корҳои Э. Гомбрих, ки маънои ибтидоии дар асар инъикоскардаи эҷодгарро барои таҳлил ва фаҳмиши баъдии айнӣ дастрас медонист, пайдо кардан мумкин аст. Ӯ дар санъати тасвирӣ муколамаи рассом ва тамошогарро медид, ки ҳар ду захираҳои умумиистеъмолии аломатҳои рассомиро ба таври баробар истифода мебаранд. Ба ақидаи Х. Зедлмайр ва В. Хофманн, Иконология тарзи ташхиси аломатҳои назарии равандҳои рӯҳӣ ва маънавӣ, барои У. Ҷ. Т. Митчелл воситаи алоқаи байни ҷанбаҳои назарӣ ва матнии тасвири бадеӣ мебошад. Аз назари М. Имдал Иконология бояд бо иконика – низоми умумии баназаргирандаи «кори чашм», яъне вазифаи чашми маъноофари ҳам рассом дар ҷараёни эҷоди асар ва ҳам тамошогар дар ҷараёни дарккунии он пурра карда шавад. Ниҳоят «антропологияи тасвир» (Х. Белтинг) дар асоси эътирофи хусусияти ғайримустақими ҳар гуна тасвир, ки аз ҷумла ҳам шакли санъат ва ҳам муносибати пешниҳодшавандаи иконологиро қабул мекунад, ташаккул ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иконология // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.