Иконостас
Намуди зоҳирӣ

Иконостас (юн.-қад. εἰκονοστάσιον) — девораи миёни меҳроб ва шабистони калисо.
Иконостас намоди равзанаи олами ҷисмонӣ (суфлӣ) бо олами рӯҳонӣ (улвӣ) ва қисми муҳимми калисои православӣ аст. Дар Иконостас мусаввара ва шамоили Исои Масеҳ, Руҳулқудс, фариштагони муқарраб, Марям, ҳавориён ва қиддисон тасвир мешавад. Баландии Иконостас ба сақфи калисо нарасида, аз чӯб ё филиз сохта мешавад ва қобили ҷобаҷогузорӣ аст. Барои рафтуои роҳибон ба дохили меҳроб Иконостас як дари нисбатан хурди дигар дорад, ки аз он барои ишои раббонӣ (тановули шароби муқаддас) вориди меҳроб мешаванд. Дохили он хос барои ибодати роҳибон ва қурбониҳо мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иконостас // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.