Икромиддин Вализода
Намуди зоҳирӣ
Икромиддин Вализода | |
|---|---|
| Вализода Икромиддин Сироҷиддин | |
| Таърихи таваллуд: | 10 октябр 1974 (51 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Кӯшониён , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998) |
| Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI. |
Вализода Икромиддин Сироҷиддин — сиёсатшинос, арбоби давлатӣ. Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кўшониён ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030. Раиси ноҳияи Ёвон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Икромиддин Сироҷиддин Вализода 10 октябри соли 1974 дар ноҳияи Кӯшониён таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ.
- Солҳои 1992-1994 - Ҷамъияти матлуботи Бохтарр, фурушандаи мағозаи «Умед».
- Солҳои 1994-1995 - Мудири шуъбаи комиссионӣ ва таъминотчии базаи яклухти савдои вилояти Хатлон.
- Солҳои 1995-1998 - Мудири мағозаи «Наврўз»- и шаҳри Бохтар.
- Солҳои 1998-2000 - Муовини директори генералии Комбинати орди Бохтар.
- Солҳои 2000-2002 - Директори Генералии ҶС «Вахш»-и шаҳри Бохтар.
- Солҳои 2002-2005 - Директори Генералии ҶДММ «Орди Хатлон».
- Солҳои 2005-2010 - Директори Генералии «Истеко-Текстайл» шаҳри Бохтар.
- Солҳои 2010-2011 - Сардори шуъбаи маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон.
- Солҳои 2011-2015 - Директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон.
- Солҳои 2015-2019 - Муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Соли 2019 (04-07) - Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2019-2025 - Раиси ноҳияи Кӯшониён.
- Соли 2019 (01-03) - И.в. раиси ноҳияи Ёвон.
- Аз 19 марти соли 2025 – Раиси ноҳияи Ёвон.
- Аз 11 апрели соли 2025 - Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Икромиддин Сироҷиддин Вализода(тоҷ.). www. majmilli.tj. 22 августи 2025 санҷида шуд.