Фатҳия Икромова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Икромова Фатҳия)
Фатҳия Икромова
Фатҳия Икромова
Таърихи таваллуд 16 март 1933(1933-03-16) (91 сол)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1998), медали «Барои меҳнати шоён» (1964), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1970)

Фатҳия Икромова (тав. 16 марти 1933, Бухоро) — педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1971), профессор (1990).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1950—1952 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Душанбе, 1953—1958 дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1958—1963 муаллими синфҳои ибтидоӣ, муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 7 шаҳри Душанбе, 1963—1968 мудири кабинети мактабҳои ибтидоии Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ, 1968—1971 аспирант, 1971—1973 муаллими калон, 1973—1979 мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, 1979—1990 дотсенти кафедраи номбурдаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 1990 то ба имрӯз профессори кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Муаллифи 20 дастуру воситаҳои таълимӣ, барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, инчунин 100 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ аст. Оид ба инкишофи нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар дарси хониш, методикаи таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа кори илмӣ бурдааст. Муддати зиёда аз 20 сол аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати маорифи ИҶШС буд. Айни ҳол раиси Комиссияи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии таълими ибтидоӣ, раиси Комиссияи озмун оид ба «Алифбо»-и Вазорати маорифи Тоҷикистон, аъзои анҷумани олимаҳои Тоҷикистон мебошад. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ (шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Тошкент, Душанбе) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1998), медали «Барои меҳнати шоён» (1964), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1970) ва чандин ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Супоришҳои таълимӣ оид ба хониш ва инкишофи нутқ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1982;
  • Зебо ватани мо (Хрестоматия доир ба хониши беруназсинфӣ барои синфҳои ибтидоӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1983;
  • Китоби хониш (Барои синфи 1-уми таҷрибавӣ), Д., 1984;
  • Китоби хониш (Барои синфи 2), Д., 1987;
  • Забони тоҷикӣ (Барои синфи 2, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1988—1993;
  • Забони модарӣ. Маводи таълимии озмоишӣ дар синфи 2 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
  • Забони модарӣ (Барои синфи 2, бо ҳаммуаллифӣ), Самара, 2000;
  • Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ дар синфҳои якум, Д., 1971;
  • Материалҳои дидактикӣ оид ба таълими савод, Д., 1986;
  • Инкишофи нутқи алоқаманд дар дарсҳои хониш дар синфи якум, Д., 1986;
  • Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ дар синфҳои дуюм, Д., 1987.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]