Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иксири аъзам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иксири аъзам (форсӣ: اکسیر اعظم‎) дар ирфон инсони комил, шайх, пешворо гӯянд. Ба қавли Азизуддини Насафӣ, Иксири аъзам яке аз номҳои инсони комил аст, чунонки Исо, Хизр ва Сулаймон ҳам гӯянд. Инсони комил ҳамеша дар дунё бошад, вале беш аз яке набошад, зеро тамоми мавҷудот ҳамчун як шахс ва инсони комил дили он шахс аст. Мавҷудот бе дил натавонанд будан ва дил беш аз яке набувад.

Маҷозан ба ҳар чизи муфиди камёбу ноёб иксир гуфта мешавад. Чунончи, дар тариқат ва истилоҳи суфия назар ё нафаси муршид (шайх)-и комилро иксир гӯянд, чунки метавонад моҳияти шахсро дигаргун, вуҷуди ноқобилу ноқисро комил ва миси қалби соликро зар гардонад.

Гар кимиёи суҳбати ҷовидат орзуст,

Мӯйи сари ҷавонон иксири аъзам аст.

Саъдӣ

Қалби беҳосили моро бизан иксири мурод,

Яъне аз хоки сари дӯст нишоне ба ман ор!